Фарҳанг

МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ ШОИР

Таърихи 12 декабри соли ҷорӣ  дар кохи «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода  маҳфили шеъру суруд аз эҷодиёти шоири  ширинкалом Аълочии фарҳанг, мориф ва илми Тоҷикистон Абдуқаҳҳори Қосим  бо иштироки адибони варзидаву соҳибсухани кишвар, ҳунармандони шаҳри Турсунзода ва  иштироки намояндагони корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои шаҳр бо шаҳомати хоса баргузор шуд.    Ин чорабинии адабӣ шоирони маҳбуб ва  шинохтаи тоҷик […]

Хабарҳо

МАҚСАД: ПЕШГИРӢ АЗ  КОРРУПСИЯ

   Санаи 14 декабри соли равон бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» таҳти роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр Акрамзода П. А. маҷлиси  Комиссияи шаҳрӣ доир ба муқовимат бо корррупсия баргузор шуд.   П. Акрамзода қайд кард, ки ҳар як аъзои комиссия […]

Сиёсат

Ахбороти Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода даъвати панҷум ба ивази вакилони хориҷшуда

Комиссияи шаҳрии интихобот маълум менамояд, ки дар асоси қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода  аз 4 октябри соли 2017 таҳти №126 дар таърихи 10 декабри соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботии «Эфиронос» №15 ва «Лоҳутӣ» №17 бар ивази вакилони хориҷшуда интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода даъвати панҷум таъин гардида, баргузор шуд. Барои вакилӣ […]

Фарҳанг

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ

Раиси шаҳри Турсунзода  Сиҷоуддин  Саломзода  15 декабри  соли равон  дар толори конфронсҳои макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо як гурӯҳ кадбонуҳои маҳаллаҳои шаҳри Турсунзода  вохӯрӣ намуд.  Дар ҷараёни вохӯрӣ иброз гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ  дар Тоҷикистон иду ҷашнҳо, расму оин, анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, суннатҳои неки фарҳанги дастурхондории миллӣ  эҳё гардид.  Баргузории  озмунҳои таомҳои […]

Нуқтаи назар

Фарҳод Раҳимӣ: «Таҳқиқи фаннии афкори ислоҳталабии иҷтимоии Аҳмади Дониш барои ислоҳи камбудиҳои иҷтимоии имрӯз хеле муҳим мебошад» (Ба 190 – солагии ин мутафаккири шаҳир бахшида мешавад)

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  8 декабри соли равон бахшида ба 190–солагии мутафаккири шаҳир Аҳмади Дониш таҳти унвони «Аҳмади Дониш ва хориқаи таърихии фарҳанги тоҷикон»  ҳамоиши илмӣ доир намояд. Дар ҳамоиши илмӣ се китоби тозанашр марбут ба ҳаёт ва осори Аҳмади Дониш рӯнамоӣ мегарданд. Бояд зикр намуд, ки асари  ситорашиносӣ- тақвимии  аллома «Зиҷ» то имрӯз  мавриди […]

Нуқтаи назар

ИНТЕРПОЛ: “АЪЗОИ ФАЪОЛИ ТТЭ ҲНИТ ДАР КОФТУКОВАНД”

Интерпол (Interpol) Ташкилоти байналмилалии политсияи ҷиноятӣ соли 1956 таъсис ёфта, қароргоҳаш дар шаҳри Лиони Фаронса ҷойгир аст. Айни замон 194 кишвари дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ин ташкилот мебошад. Вазифаи асосии ташкилот ҳамоҳангсозии муборизаи муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзо дар мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад. Дар сохтори ҳар давлати аъзои Интерпол Бюрои миллии марказии […]

Нуқтаи назар

ХУДКУШӢ ВА САБАБҲОИ ОН

Худкушӣ, мутаассифона аз падидаҳои номатлубе ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар ҷомеа ба чашм мерасад. Ҷомеа бояд бо ҳар роҳ садди зиёдгардии ин падида гардад.   Қариб ҳар касе, ки ҷиддӣ дар бораи худкушӣ фикр мекунад, дар ҳар ҳолате ҳам бошад, нияташро бо ҳаракатҳои худ ба атрофиён ошкор мекунад.  Дар байни шахсоне, ки қасди худкушӣ […]

Хабарҳо

ДАСТОВАРДИ ТОЗА

Хушхабари варзишӣ. Дастпарварони мактаби варзишии назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода Ҳоҷиқурбон  Маҳмадов ва Умед Сафаров санаҳои 17-20 ноябри соли равон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба Карате-до дар Ҷумҳурии Чехия иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур намояндагони 25 давлати дунё ширкат доштанд. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд  Ҷумҳурии Тоҷикистонро чор нафар варзишгар намояндагӣ […]

Хабарҳо

ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТАНД

Соли 2017 – Соли ҷавонон Соли 2017 – ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон намуданд, ки ин нишонаи эътибори Сарвари давлат нисбати мо ҷавонон аст. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат пешравии кишварро бо саҳму ташаббуси  мо ҷавонон алоқаманд медонанд. Дар баробари ин, мо ваъда медиҳем, ки […]

Нуқтаи назар

БЕАДАБ ТЕРРОРИСТ ШУДАНАШ МУМКИН

Ҷойи тааҷҷуб нест: беадаб бадахлоқ мешавад. Бадахлоқ дар пайраҳаҳои хатарнок қадам мениҳад ва хоҳу нохоҳ ба ҷинояте даст мезанад. Насиҳати носеҳонро сарфи назар менамояд. Падару модарашро заррае ҳам писанд намекунад.  Ба ин ҳол худи волидон ҳам гунаҳкоранд. Чунки дар вақташ – овонӣ кӯдакӣ дар вуҷуди фарзандашон ахлоқи ҳамидаро ҷой надодаанд. Ва парвое накарданд, ки писарашон […]