Фарҳанг

МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ ШОИР

print

Таърихи 12 декабри соли ҷорӣ  дар кохи «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода  маҳфили шеъру суруд аз эҷодиёти шоири  ширинкалом Аълочии фарҳанг, мориф ва илми Тоҷикистон Абдуқаҳҳори Қосим  бо иштироки адибони варзидаву соҳибсухани кишвар, ҳунармандони шаҳри Турсунзода ва  иштироки намояндагони корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои шаҳр бо шаҳомати хоса баргузор шуд.  

 Ин чорабинии адабӣ шоирони маҳбуб ва  шинохтаи тоҷик Алӣ Бобоҷон, Сайдалӣ Маъмур, Султонмуроди Одина, Ҳидоятулло Раҳмонӣ, Усмон Сабз, Маъруф Ниёзӣ ҳамчунин доираи адибони маҳаллӣ, навқаламон ва дӯстдорони каломи бадеъро ба ҳам овард. Муовини раиси шаҳри Турсунзода Солеҳа Холова  зимни суханронӣ иброз дошт, ки Абдуқаҳҳори Қосим бо эҷодиёти ватанпарваронаи худ дар замири насли ҷавон  муҳаббат ба Ватан  – Модар, ифттихори миллӣ ва садоқат ба хоки муқаддасро талқин менамояд. 

Дар баробари ин, ӯ маҳфили адабии  “Ворисони Турсунзода”- ро роҳбарӣ намуда,  дар ин ҷода шогирдони зиёдеро тарбия менамояд. Алӣ Бобоҷон шоири шинохтаи тоҷик иброз дошт, ки Абдуқаҳҳори  Қосим  тавонист, ки мавзунияти шеъри тоҷикро бо забони русӣ иброз намуда, дар маҳфилҳои адабии Федератсияи Россия ширкат варзида, сазовори ҷоизаҳо гардад. Адибони варзида Саидалӣ Маъмур ва Султонмуроди Одина афзуданд, ки дар шеърҳои Абдуқаҳҳори Қосим  ҷаззобияти хоса эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, ҳунармандони зиёд шеърҳои ӯро тариқи суруд зам-зама менамоянд, ки дар қалби мухлисон маъво гирифтааст. Боиси тазаккур аст, ки суруди бо забони русӣ эҷодкардаи мавсуф бахшида ба Иҷлосияи тақдирсоз “Дворетс Арбоб” тавонист шукӯҳи чорабиниро боз ҳам афзунтар гардонад. Дар аснои иҷрои ин суруд тамоми иштирокчиён рост истода, кафкӯбӣ намуданд. Дар ҷараёни маҳфил шогирдон ва ҳампешагони Абдуқаҳҳори Қосим иброз доштанд, ки ӯ бо забони русӣ шеър офарида, дар ин ҷода  низ муваффақ гардидааст. Аз ин ҷост, ки ҳамчун  узви Иттиҳоди байналхалқии нависандагон (Федератсияи Россия), пазируфта шуда,  мудавии озмуни “Шеъри соли 2016”, “Шеъри соли 2017”, “Русь моя” бахшида 120-солагии Сергей Есенин (Федратсияи Россия),  ғолиби мукофоти ба номи Фёдор Тютчев, ҷоизадори  фестивали шеър ва мусиқии “Ялос” (Федератсияи Россия) мебошад. 

Шоир Абдуқаҳҳори Қосим дар тӯли  30-соли фаъолияти эҷодӣ китобҳои “Тақдири мо аз Худост”, “Алифбои шавқовар”, “Дар дил баҳор дорам”, “Бешаи анбӯҳи андеша”, “Садои дил”, “Ворисон”, “Панд ё кулчақанд”, “Сарзамини сабзи хотир”, “Ваҳдатофар”  ва ғайраҳоро офарида, муалифи беш аз 70 суруд дар жанрҳои гуногун мебшад. Ба ҳамоиши адабӣ сурудҳо аз эҷодиёти шоир дар иҷрои  ҳунармандон Олими Маҳмуд, Дилшод Бердиев, Фазолат Ҳоҷиева, Гулбаҳор Маҷидова, Ҳабибулло Кенҷаев, Дилшоди Зоҳир, Абдуҷаббор Шарипов, Владислав Валов, Эркинҷон Обидалиев, Ҷумабой Шарифзод   ва як қатор ҳунармандони  ҷавон суруда шуд, ки ба маҳфил ҳусни тоза зам намуд. Дар хотимаи маҳфили шеър Абдуқаҳҳори Қосим меҳмонон ва дӯстдорони каломи бадеъро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати дастгириии пайваста ба Раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода изҳори сипос намуд.    

Ф. ХОЛИҚ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *