Кишоварзӣ

ТИЛЛОИ САФЕД – БА ХИРМАНИ ВАТАН

Иқлими шаҳри Турсунзода барои кишту кори пахта, сабзавот ва боғу токпарварӣ мусоид буда, деҳқонони шаҳр мекӯшанд дар ҳама самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Аз ин ҷост, ки кишоварзони мо дар Тоҷикистон ва берун аз кишвар шуҳратманд гардидаанд. Соли равон дар натиҷаи заҳмати марди деҳқон ва риояи талаботи агротехникӣ дар майдони пахтазор ҳосил фаровон аст. […]

Кишоварзӣ

АЙЁМИ ШОЛИДАРАВ ДАР АВҶ АСТ

Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб доранд. Имрӯзҳо ҷиҳати ҷамъоварии дастранҷи марди деҳқон дар саҳро кор авҷи тоза гирифтааст. Хусусан, кишоварзони шаҳр кӯшиш ба харҷ дод истодаанд, ки бо истифода аз ҳавои мусоид айёми шолидаравро ба анҷом расонида, ба хирмани Ватан ҳосили фаровон ва ба бозори истеъмолӣ биринҷи хушсифатро ворид намоянд. […]

Кишоварзӣ

Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар мавсими имсола дар майдони 1024 га кишти пунбадонаро ба роҳ монданд, ки асосан навъи “Флеш”-ро дар бар мегирад. Хоҷагидорони кооперативи истеҳсолӣ-тиҷоратии “Самир”  ҷамъоварии “тиллои сафед”-ро бо маром идома дода истодаанд.   Тибқи маълумоти раиси хоҷагӣ Холов Шавқат соли равон хоҷагидорон дар майдони 170 гектар пунбадона кишт намуданд, ки айни замон дар саҳро […]

Кишоварзӣ Ҳамкорҳои байналмилалӣ Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ

ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД ҶИҲАТИ СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА ҚАЗОҚИСТОН

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти раёсати Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Султанов Бакит Турлиханович ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки гурӯҳи кории ҷониби Қазоқистон, роҳбарияти шаҳр ва соҳибкорону хоҷагидорон машварати корӣ доир ба имкониятҳои истеҳсол ва содироти […]

Кишоварзӣ

САҲМГУЗОРӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҷамолиддин 2006” дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии дастранҷи деҳқон шиносоӣ пайдо намуд. Масъулини хоҷагӣ иттилоъ манзур намуданд, ки заминҳои хоҷагорӣ аз 4 га иборат буда, дар он парвариши сабзавот, пахта, ғалла ва боғу токпарварӣ ба роҳ монда шудааст. Соли ҷорӣ хоҷагидорон дар 0,25 гектар замин […]

Кишоварзӣ

МАВСИМИ ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛА

Соли ҷорӣ майдони маҳсулоти ғалладона дар шаҳри Турсунзода беш аз 9000 гектарро ташкил дода, имрӯзҳо ҷамъоварии ҳасили дастранҷи деҳқон муташаккилон идома дорад. Муддати чанд рӯзи охир беш аз 250 гектар маҳсулоти ғалладона ҷамъоварӣ ва ҳамзамон майдони кишти такрорӣ омода гардид. Деҳқонони шаҳр зимни кишти такрорӣ дар майдони 150 га шолӣ ва дар майдони 50 га […]

Кишоварзӣ Сайёҳӣ Экология

БА ҚАРИБӢ – МАВСИМИ САЙДИ МОҲӢ

Чуноне, ки қаблан ититтилоъ дода будем дар Ҷамоати деҳоти Қарартоғи шаҳри Турсунзода бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Хоҷагии моҳипарварии “Парвиз” моҳи январи соли ҷорӣ дар соҳили дарёи Қаратоғ, деҳаит Маданият ба бунёди кӯлҳои моҳипарварӣ оғоз намуд, ки майдони он 7 гектарро ташкил медиҳад. Бунёди иншооти мазкур дар доираи тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз […]

Кишоварзӣ

Кишоварзони Турсунзода шаҳру навоҳии мамлакатро бо зиёда аз 500 тонна сабзавоту мева таъмин намуданд

ТУРСУНЗОДА, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонони шаҳри Турсунзода  то имрӯз шаҳру навоҳии ҷумҳуриро бо зиёда аз 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сирпиёзу пиёзи барвақтӣ, гулкараму карам, помидору бодиринг ва қаламфуру қулфинай таъмин  намудаанд. Дар таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти тару тозаи баҳорӣ кишоварзони шаҳри Турсунзода саҳми арзанда мегузоранд. Тавре сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода Азимҷон Назарзода  ба […]

Кишоварзӣ

ИДОМАИ КИШТИ “ТИЛЛОИ САФЕД”

Дар шаҳри Турсунзода кишти пунбадона муташаккилона идома дорад. Хоҷагидорони ҶСК “Ҳақиқат” дар майдони 210 га замин парвариши маҳсулоти стратегии кишоварзӣ-“тиллои сафед”-ро ба нақша гирифтанд, ки кишти пунбадона тибқи нақша ҷараён гирИфта, корҳо дар ин самт дар арафаи анҷомёбист. Хоҷагии мазкур дорои беш аз 360 га замини корам буда, илова ба парвариши пахта, инчунин дар хоҷагӣ […]

Кишоварзӣ Экология

СОҲИЛБАНДӢ. ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, инчунин, иштироки аҳолӣ, корхонаҳои коркарди регу шағал, соҳибкорон ва моликони техникаҳои боркашу борбардор, дар мавсими пастшавии маҷрои об дар деҳоти соҳилнишини шаҳр ҳамарӯза корҳои дастаҷамъонаи соҳилбандӣ идома доранд. Ба иттилои шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри […]