Аҳолӣ ПАЁМИ ТАБРИКӢ ВА СУХАНРОНИҲОИ РАИСИ ШАҲР Суханрониҳои раис Таҷлил Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА МУҲТАРАМ АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Ҳамдиёрони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният гуфта, орзуманди онам, ки баҳор ва ҷашни фархундаи Наврӯз имсолу солҳои дигар ба кишвари биҳиштосои мо шодиву нишот, кушоишу дастовардҳои нав ва баракату фаровонӣ орад. Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун […]

ПАЁМИ ТАБРИКӢ ВА СУХАНРОНИҲОИ РАИСИ ШАҲР Суханрониҳои раис Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК.

Муҳтарам кормандони соҳаи матбуот, Хабарнигорони воситаҳои ахбори омма! Ҳамасола дар кишвари азизи мо санаи 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, ҳамаи шумо – аҳли матбуот ва хабарнигорони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар корҳои эҷодиатон барору комёбӣ […]

Суханрониҳои раис Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Ҳамдиёрони азиз! Мо дар арафаи яке аз ойинҳои суннатии мардуми мусулмон – иди Қурбон қарор дорем ва ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик мегӯям. Мардуми мусулмони мо иди саиди Қурбонро ҳамчун суннати меҳру шафқат ва тараҳҳуму ҳамбастагӣ гиромӣ медоранд. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, […]

Суханрониҳои раис

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ 26-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамдиёрони азиз! Дар таърихи ҳар як халқу миллат воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки ҳамчун маҳсули ақлу хиради ҳамон миллат барои пойдории давлат аҳаммияти бузурги ҳаётӣ дошта, ба наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Барқарор гардидани сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки имрӯзҳо 26-солагии […]

Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ  ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Ҳамдиёрони азиз, Иди саиди Қурбон рамзи имону садоқат ва далели итоат ба Худованд, тарғибгари инсондӯстӣ, меҳру шафқат, хайру эҳсон ва  ахлоқи ҳамида арзёбӣ гардида, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизи мо ҳамасола бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ба ифтихори ин […]

Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА ИФТИХОРИ 25-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамдиёрони гиромӣ, Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки бо шарофати сиёсати ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои сулҳу суботи комил 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллиро бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта истодаем. Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кулли мардуми шарафманди шаҳри Турсунзодаро ба […]

Варзиш Суханрониҳои раис

ҶОВИДОН БОД, ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОН Муҳтарам ҷавонони шаҳри Турсунзода! Фарзандони азиз! Боиси ифтихору шукргузорист, ки Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу амонӣ ва рӯзгори осоишта дар саросари Тоҷикистони азиз бо суруру шодмонӣ таҷлил гардида истодааст. […]

Суханрониҳои раис Таҷлил

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77 –УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҒАЛАБА

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз зери парчами сулҳу дӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз дар баробари тамоми мардуми сулҳдӯсти сайёра 77-солагии Рӯзи Ғалабаи бузургро ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн гирифта, аз корнамоиҳои фарзандони миллати тоҷик, ки дар майдонҳои ин ҷанги фоҷиабортарини […]

Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

Ҳамдиёрони азиз! Рамазон ҳамчун моҳи муборак, айёми парҳезу тақво ва покизагию фурӯтанӣ ба ҳисоб рафта, Иди саиди Фитр инъоми Худованд ба ивази ибодату таҳаммулпазирӣ ва аъмоли хайри мусалмонон арзёбӣ мегардад. Боиси ифтихор аст, ки дар кишвари азизи мо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ […]