Суханрониҳои раис

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ 26-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

print
Ҳамдиёрони азиз!

Дар таърихи ҳар як халқу миллат воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки ҳамчун маҳсули ақлу хиради ҳамон миллат барои пойдории давлат аҳаммияти бузурги ҳаётӣ дошта, ба наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.
Барқарор гардидани сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки имрӯзҳо 26-солагии он дар кишвари маҳбубамон таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – мардуми шарафманду заҳматпешаи шаҳри Турсунзодаро самимона табрик гуфта, дар хонадонатон файзу баракат, сулҳу саодат ва амалӣ гаштани тамоми орзуву омоли некатонро таманно дорам.
Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бар асари фитнаву дасисаи хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардиданд, ки дар натиҷаи он ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба буҳрони фоҷиабор рӯ ба рӯ шуданд.
Хатари бузургтарине, ки дар он айёми вазнин ба миён омада буд, эҳтимоли пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон буд.
Дар чунин шароити бисёр душвор ва вазъи хатарбор фарзанди содиқу ватандӯст ва огоҳу бедордили миллати тоҷик – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ аз љониби вакилони мардумӣ раис интихоб гардиданд ва аввалин санадҳои сарнавиштсоз – қатъи ҳарчи зудтари ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва дигар қарорҳои барои он рӯзҳо муҳимтарин ва таъҷиливу тақдирсозро қабул карданд.
Маҳз ба шарофати қабул ва амалӣ гардидани қарорҳои Иҷлосияи шонздаҳум барои барқарорсозии сулҳу субот, ташкили рукнҳои давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, гузоштани заминаҳои ташаккули ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғоз намудани барномаҳои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шуд.
Баъдан раванди музокироти байни тоҷикон оғоз гардид, ки дар кишварҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон беш аз чор сол идома пайдо кард.
Гуфтушунидҳои тӯлонӣ барои сулҳ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо имзои санади тақдирсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон анҷом ёфтанд.
Тавре дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд: «Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад».
Дар айни замон мо бояд як нуктаи муҳимро ҳаргиз фаромӯш накунем, ки сулҳу оромӣ арзишмандтарин неъмати ҳаёти мост ва ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Зеро сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳимме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ҳоло ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.
Имрӯз мардуми мо хуб дарк мекунанд, ки зиндагии осудаву ороми ҳар як оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар як шаҳрванд, ободии Ватан ва пешрафти давлат танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу суботи комил имкон дорад.
Дар ин раванд, дар хотир бояд дошт, ки хоинону бадхоҳони давлату миллати мо – онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафс кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиашон фурӯхтаанд, ҳанӯз ҳам аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд.
Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.
Тамоми афроди ҷомеа – аз хурд то бузург бояд ба қадри аҳаммияти ҳаётии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва ин неъмати бебаҳоро баробари дастоварди бузургтарини таърихи навини кишвари азизамон, яъне истиқлолу озодӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоянд.
Вазифаи бисёр муҳимми мақомоти давлатӣ, олимону зиёиён, аҳли адаб ва кормандони воситаҳои ахбори умум, падару модарон ва тамоми ҷомеа дар ин самт тарбия кардани насли худогоҳу худшинос, содиқ ба миллату давлати худ ва ватандӯсту ватанпараст мебошад.
Мову шумо бояд сарзамини зебои худро сидқан дӯст дорем, ба қадру қимати Ватану ватандорӣ расем ва шукронаи сулҳу амнияти кишвар ва ваҳдати миллиро ҳамеша ба ҷо оварем.
Вусъат бахшидани заҳмати созандаву бунёдкорона ба хотири ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон вазифаи ҳар яки мо – соҳибони Ватан мебошад.
Бо ибрози нияту орзуҳои нек мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни шаҳри сулҳу дӯстӣ – шаҳри Турсунзодаро бори дигар ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.
Бигзор, дар кишвари азизи мо ваҳдати миллӣ, сулҳу амният, файзу баракат ва хушбахтиву осудаҳолӣ абадӣ ҳукмрон бошад!
Ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *