варзиш Иҷтимоиёт Хабарҳо Ҳамкорҳои байналмилалӣ

ҚАДРДОНИИ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Ҷавоҳир Шодиеви 17-сола, сокини шаҳри Турсунзода ва дастпарвари мактаби варзишии шаҳри Турсунзода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта, ки рӯзҳои 1-ум то 7-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттањидаи Араб баргузор шуд, иштирок намуда, дар вазни 56 кг миёни варзишгарони 46 давлати дунё унвони Чемпиони ҷаҳонро сазовор гардид. Ҷавоҳир дар рақобатҳои чандрӯза […]

Ҳамкорҳои байналмилалӣ

ҲАЙАТИ ПАРЛУМОНИ ҶОПОН ДАР “БОҒИ СОМОН”

Дар доираи баргузории мулоқоти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон ҳайати парлумонии Ҷопон таҳти сарварии Кейҷи Фуруя ва ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳакимзода Шариф ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, аз токзори хоҷагии токпарварии “Боғи Сомон” дидан намуданд. Баъд аз пазироии самимӣ ба меҳмонорн навъҳои гуногуни ангурҳои шаҳдбори хоҷагӣ аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз […]

Хабарҳо Ҳамкорҳои байналмилалӣ

МУЗОКИРОТИ СОДИРОТИ АНГУРИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БА ҚАЗОҚИСТОН

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Меҳмононро ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода пазироӣ намуданд. Дар ибтидо ҳайати тоҷирон аз токзори “Боғи Сомон” дидан намуда, дар ин замина байни роҳбарияти шаҳр ва хоҷагидорон доир ба имкониятҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода […]

Ҳамкорҳои байналмилалӣ

САФАРИ КОРИИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дар доираи сафари кории соҳибкорони Ҷумҳурии Корея, ки ба мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузории кишвар, дарёфти шарикон ва роҳандозии фаъолияти муштарак ба Тоҷикистон омадаанд, имрӯз ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Меҳмононро муовини якуми раиси шаҳр Остоназода Сайдамин Ҳазрат ва муовини раиси шаҳр Пардаалӣ Турсунзода пазироӣ ва роҳбаладӣ намуданд. Дар ҶДММ “МАДАДИ ТУРСУНЗОДА” номгӯи гуногуни техникаи […]

Кишоварзӣ Ҳамкорҳои байналмилалӣ Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ

ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД ҶИҲАТИ СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА ҚАЗОҚИСТОН

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти раёсати Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Султанов Бакит Турлиханович ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки гурӯҳи кории ҷониби Қазоқистон, роҳбарияти шаҳр ва соҳибкорону хоҷагидорон машварати корӣ доир ба имкониятҳои истеҳсол ва содироти […]

Ҳамкорҳои байналмилалӣ

МАҚСАД: ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

Имрӯз ҳайати кории роҳбарияти вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти раёсати раиси вилоят Боболов Тура Абдиевич дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Дар гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” ҳайати кориро раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар фазои танатанвӣ пазироӣ намуд. Ҳайати корӣ ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ бо раиси шаҳр […]

Ҳамкорҳои байналмилалӣ

МАҚСАД: ГУСТАРИШИ ҲАМКОРӢ ВА ҶАЛБИ САРМОЯ

Дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ миёни давлати Малайзия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории ҷониби Малайзия бо мақсади ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар самтҳи гуногуни хоҷагии халқ имрӯз ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам дар мавзеи пазироии меҳмонон гурӯҳи кории Малайзияро дар фазои тантанавӣ пешвоз гирифта, бо рушд ва имкониятҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр шинос […]

Маориф Ҳамкорҳои байналмилалӣ Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ

ОҒОЗИ КОРҲО ДАР САМТИ БУНЁДИ МАКТАБ АЗ ҶОНИБИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Гурӯҳи кории амалишавии лоиҳаи сохтмони муассисаи таълимӣ бо забони русӣ – фармоишгари лоиҳа Фонди аврупоии рушд ва тараққиёт аз майдони сохтмон ва оғози корҳои амалигардида дидан намуд. Раиси шаҳри Ту рсунзода Акрамзода П.А. қайд намуд, ки ҷиҳати оғози корҳои сохтмонӣ майдон омода гардида, ҳуҷҷатгузориҳо, бунёди роҳу пулҳо муташаккилона идома доранд. Тибқи нақша моҳи апрели соли […]

Ҳамкорҳои байналмилалӣ

ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ ДУБАЙ

 Ба шаҳри Турсунзода намояндагони Ташкилоти хайриявии Дубай ташриф оварданд, ки дар ҷараёни сафар меҳмононро Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ ва раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ҳамроҳӣ намуданд.  Дар ибтидо меҳмонон аз бинои тозабунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26, ки дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Навобод сохта, ба истифода дода шудааст, дидан намуданд. Ташаббусгари […]