Ба шаҳри Турсунзода намояндагони Ташкилоти хайриявии Дубай ташриф оварданд, ки дар ҷараёни сафар меҳмононро Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ ва раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ҳамроҳӣ намуданд. Дар ибтидо меҳмонон аз бинои тозабунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26, ки дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Навобод сохта, ба истифода дода шудааст, дидан намуданд. Ташаббусгари […]
Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти раёсати Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Султанов Бакит Турлиханович ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки гурӯҳи кории ҷониби Қазоқистон, роҳбарияти шаҳр ва соҳибкорону хоҷагидорон машварати корӣ доир ба имкониятҳои истеҳсол ва содироти […]
Гурӯҳи кории амалишавии лоиҳаи сохтмони муассисаи таълимӣ бо забони русӣ – фармоишгари лоиҳа Фонди аврупоии рушд ва тараққиёт аз майдони сохтмон ва оғози корҳои амалигардида дидан намуд. Раиси шаҳри Ту рсунзода Акрамзода П.А. қайд намуд, ки ҷиҳати оғози корҳои сохтмонӣ майдон омода гардида, ҳуҷҷатгузориҳо, бунёди роҳу пулҳо муташаккилона идома доранд. Тибқи нақша моҳи апрели соли […]