Аҳолӣ ПАЁМИ ТАБРИКӢ ВА СУХАНРОНИҲОИ РАИСИ ШАҲР Суханрониҳои раис Таҷлил Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА МУҲТАРАМ АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Ҳамдиёрони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният гуфта, орзуманди онам, ки баҳор ва ҷашни фархундаи Наврӯз имсолу солҳои дигар ба кишвари биҳиштосои мо шодиву нишот, кушоишу дастовардҳои нав ва баракату фаровонӣ орад. Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун […]

Иҷтимоиёт Паём ва суханрониҳои Президент Сиёсат Таҷлил Хабарҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ИФТИХОРИ НАВРӮЗИ СОЛИ 2024

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол – баҳор самимона табрик мегӯям. Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти […]

Хабарҳо

Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 17.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси мувофиқаи бадастомада, аз 12 то 17 марти соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба […]

ПАЁМИ ТАБРИКӢ ВА СУХАНРОНИҲОИ РАИСИ ШАҲР Суханрониҳои раис Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК.

Муҳтарам кормандони соҳаи матбуот, Хабарнигорони воситаҳои ахбори омма! Ҳамасола дар кишвари азизи мо санаи 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, ҳамаи шумо – аҳли матбуот ва хабарнигорони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар корҳои эҷодиатон барору комёбӣ […]

Сиёсат Таҷлил Фарҳанг Хабарҳо

МАТБУОТИ МУОСИР – ЯКЕ АЗ ҚУВВАҲОИ АСОСИИ ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН АСТ.

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Турсунзода бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам ва даъвати доираи васеи хабарнигорон – намояндагони расонаҳои ҷумҳуриявӣ дар минтақаи ноҳияҳои Ҳисор ва намояндагони ВАО-и маҳаллӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам хабарнигоронро бо иди касбӣ – Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфта, таъкид намуданд, ки […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

СУХАНРОНИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин! Дар ибтидо кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва […]