Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА ИФТИХОРИ 25-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

print

Ҳамдиёрони гиромӣ,
Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки бо шарофати сиёсати ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои сулҳу суботи комил 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллиро бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта истодаем.
Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кулли мардуми шарафманди шаҳри Турсунзодаро ба ифтихори ин санаи бузург табрику таҳният гуфта, сиҳатмандиву муваффақиятҳои беназири меҳнатиро таманно менамоем.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии осудаи сокинони Ватан ба имзо расида, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид. Дар ин замина Ваҳдати миллӣ барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол шароити мусоид фароҳам овард.
Андешаи Ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлат ва шиори зиндагӣ барои мардум бесабаб набуд. Зеро бар асари нобасомониҳои солҳои охири асри гузашта байни мардуми куҳанбунёду бофарҳанги мо амали нангин ва хатарбори бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву сангаргирӣ доман паҳн намуд, ки оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Хушбахтона миллати тоҷик, ки табиаташ аз сифатҳои дӯстиву рафоқат, ватанпарастиву садоқат ва дӯстдории фарҳангу маърифат сиришта шудааст, атрофи Раҳнамову Сарвари маҳбуби халқ-муҳтарам Пешвои миллат муттаҳид гардида, мухолифин аз паси сангарҳои муқовимат паси мизҳои музокират баромада, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо намуданд. Ба Ватан сулҳи деринтизор омад, аз сулҳу салоҳ ва якдиливу ваҳдат қалби мардум пур аз меҳр ва чароғи бахту саодат ва меҳру муҳаббат дар хонадони тоҷик боз мунаввар гардид. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон намунаи ибрати давлатҳои даргир гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофар пазируфта шуд. Ин санади сарнавиштсоз давлати тозаистиқлоли моро эҳёи дубора ва умри миллатро бақои ҷовидона бахшид.
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ дар мамлакати мо марҳалаи нави сулҳу субот, ба Ватан ва хонаву кошонаи худ баргаштани фирориёни иҷборӣ, давраи корҳои барқарорсозӣ ва ҳаёти созанда оғоз шуд. Тоҷикистон зери фазои сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шариф ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошт. Зери Парчами Ваҳдат дар Ватан бунёди нерӯгоҳҳои бузург, роҳу нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ сохтмони иншооти мухталифи хоҷагии халқ вусъат ёфта, барои зиндагонии шоистаи мардум заминаи боэътимод гузоштанд. Дар ин радиф дар шаҳри Турсунзода низ корҳои созандаву бунёдкорона вусъат ёфта, иншооти муҳими хоҷагии халқ бунёд гардида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинон мусоидат намуд.
Ҷашни 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллиро соҳибкорони бонангу номус ва сокинони ватандӯсти шаҳр бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифта истодаанд. Ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаи муҳтарам Пешвои миллат дар шаҳр биноҳои баландошёни истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимову иқтисодии шаҳр ба соҳибкорону фаъолони ободкор аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос баён менамоем.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Ваҳдати миллӣ, ки асоси ҳамбастагии халқу омили шукуфоии Ватан арзёбӣ мегардад, дар гузашти 25-соли ба имзо расидани ин санади сарнавиштсоз барои мо азизу муқаддас буда, вазифаи ҳар фарди бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки онро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоя намоем.
Моро мебояд Ватани худро дӯст дорем, ба қадри насиҳату ҳидоятҳои падаронаи муҳтарам Пешвои миллат бирасем, Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолиятро қадр ва ҳифз намоем.
Чуноне ки муҳтарам Пешвои миллат фармудаанд:
«Мо бояд Ватани худро самимона ва сидқан дӯст дорем ва барои ободиву пешрафти он пайваста талош варзем. Ба ин хотир, моро зарур аст, ки ҳамарӯза барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи кишвар, беҳдошти шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон аз тамоми нерӯву имкониятҳои хеш самарабахш истифода намоем».
Аз ин лиҳоз, эътимод дорем, ки сокинони сарбаланди шаҳри Турсунзода, Ваҳдати миллиро ҳамчун сутуни пойдору устувори давлат арзёбӣ намуда, бо заҳмати созанда барои таҳким бахшидани пояи давлатдории тоҷикон бо дасту дили пок, нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ меҳнат намуда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва пайкори бунёдкоронаи муҳтарам Пешвои миллат тамоми донишу малака ва кӯшишу ғайрати сазандаро сафарбар менамоянд.
Бо ибрози ниятҳои нек ва эътимоди гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро бори дигар ба кулли ҳамдиёрон шодбош гуфта, сиҳатмандиву саодат, хонадони обод, рӯзгори осуда ва ҷиҳати хизмати содиқона ба халқу Ватан ва амалигардонии пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат фатҳу иқболи нав ба нави меҳнатиро орзумандем.
25 – солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *