Кишоварзони шаҳри Турсунзода бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои корам ва майдони боғу токзорро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузошта истодаанд. Дар баробари таъмини бозори истеъмолии кишвар, деҳқонони шаҳр инчунин ҷиҳати ба содирот равона намудани маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ангури шаҳдбору хушсифат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон 13300 тонна навъҳои гуногуни ангур содирот гардид, ки ин нишондод дар ҷамъбасти соли 2020 дар маҷмуъ 6016 тоннаро ташкил медод, яъне танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ содироти ангур дар шаҳр беш аз 200 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани маҳсулот, таъмини бозори истеъмолӣ ва ба содирот равона кардани маҳсулот дар шаҳр зиёда аз 40 сардхона бо ғунҷоиши беш аз 10800 тонна мавҷуд аст. Соли ҷорӣ дар натиҷаи риояи талаботи агротехникии парвариши маҳсулот ва мусоид омадани обу ҳаво токзор ҳосили хуб дода, ҳанӯз дар токзор ва сардхонаҳо ҳосили ангур фаровон аст. Кишоварзон ният доранд, ки то охири соли ҷорӣ содироти ангурро то ба 20000 тонна расонида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат дар самти афзоиши маҳсулоти содиротӣ саҳми худро гузоранд. Дар парвариш ва содироти ангури хушсифат хочагиҳои соҳибтаҷриба, аз ҷумла “Боғи Сомон” , “Ватан” ва “Ҳоҷӣ Неъмат” саҳмибештар дошта, дар майдони токзори хоҷагиҳои мазкур беш аз 10 навъи ангур павариш меёбад, ки дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир буда, ба сидорот нигаронида шудааст.
Сабтҳои охирин
МАҚСАД: ТАЪМИНИ ҲАДАФИ СТРАТЕГӢ
Дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбарияти Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор шуд. Дар ибтидо раисони ҷамоатҳои деҳоти ҳудуди шаҳр вобаста ба маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳисобот манзур намуданд. Сардори Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри […]
САФАРИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва ҷараёни корҳои созанда гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом дод. Дар ибтидо раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам гурӯҳи кориро бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос намуд. Дар гармхонаҳои Ҷамоати деҳоти Турсун Туйчиев ва ба номи Ҷӯра […]
МАВСИМИ ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛА
Соли ҷорӣ майдони маҳсулоти ғалладона дар шаҳри Турсунзода беш аз 9000 гектарро ташкил дода, имрӯзҳо ҷамъоварии ҳасили дастранҷи деҳқон муташаккилон идома дорад. Муддати чанд рӯзи охир беш аз 250 гектар маҳсулоти ғалладона ҷамъоварӣ ва ҳамзамон майдони кишти такрорӣ омода гардид. Деҳқонони шаҳр зимни кишти такрорӣ дар майдони 150 га шолӣ ва дар майдони 50 га […]