Соли 2017 – Соли ҷавонон
Соли 2017 – ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон намуданд, ки ин нишонаи эътибори Сарвари давлат нисбати мо ҷавонон аст. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат пешравии кишварро бо саҳму ташаббуси мо ҷавонон алоқаманд медонанд. Дар баробари ин, мо ваъда медиҳем, ки боварии Сарвари давлатро бо дастовардҳои хеш шоён мегардем.
Ба муносибати Соли ҷавонон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар фестивалҳои гуногун доир мегарданд. Аз ҷумла, Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки рӯзҳои 22 – 25 ноябри соли 2017 дар пойтахти кишвар бо иштироки 180 нафар ҷавонони фаъол аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид. Мо дар он ҳамчун намоянда аз шаҳри Турсунзода ширкат варзидем. Мақсади асосии ин фестивал – таҳким бахшидани робитаҳои дӯстии ҷавонони кишвар буд. Дар ин фестивал моро ба тамошои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2017 бо ташаббуси Пешвои миллат сохта ба истифода дода шуда буд, Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи Парчами давлатӣ, майдони Дӯстӣ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Қисми ҳарбии 0123-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бурданд.
Инчунин мо дар ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Мо бо Пешвои худ ифтихор дорем» ширкат варзидем. Азбаски сафар ба рӯзи Парчами давлатӣ рост омада буд, мо дар чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Парчам рамзи ҳувият ва иттиҳоди миллати тоҷик», ки дар Боғи ба номи устод С. Айнӣ баргузор гашт, иштирок намудем. Чорабинии мазкур дар сатҳи олӣ баргузор гашт.
Ғайр аз ин ба мо аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Инчунин, дар маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ширкат варзида, дар якҷоягӣ бо иштирокчиёни чорабинӣ акси хотиравӣ гирифтем.
Мо миннатдории хешро ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мерасонем, ки чунин фестивали бошукуҳро баргузор намуданд. Аз ҳамаи ин ғамхориҳо бармеояд, ки Пешвои миллат ҳамеша дар фикри рушди ҷавонон ҳастанд. Ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳои Сарвари давлат мо, ҷавонон ваъда медиҳем, ки дар пешрафту тараққиёти Ватани азизамон саҳм мегузорем!
Эй шукуҳи шаъну шони Тоҷикистон, зинда бош!
Эй зи нав эҳёи Олӣ Сомон, зинда бош!
Файзи Истиқлол омад, бо шукуҳи Пешво,
Пешвои миллати боору виҷдон, зинда бош!
Фарзона АЗИМОВА,
хонандаи синфи 11 – и МТМУ №86,
барандаи стипендияи Президентӣ.
Бежани FОЛИБҶОН,
хонандаи синфи 10-и
МТМУ №98, барандаи стипендияи
раиси шаҳри Турсунзода.