Ҷойи тааҷҷуб нест: беадаб бадахлоқ мешавад. Бадахлоқ дар пайраҳаҳои хатарнок қадам мениҳад ва хоҳу нохоҳ ба ҷинояте даст мезанад. Насиҳати носеҳонро сарфи назар менамояд. Падару модарашро заррае ҳам писанд намекунад.
Ба ин ҳол худи волидон ҳам гунаҳкоранд. Чунки дар вақташ – овонӣ кӯдакӣ дар вуҷуди фарзандашон ахлоқи ҳамидаро ҷой надодаанд. Ва парвое накарданд, ки писарашон аз олами тарбия берун «устухонаш» дар беадабӣ шах шудааст. Наандешиданд, ки фарзанд неву «море» – ро ба воя расонидаанд. Хислати мор бошад, заҳр пошидану газидан аст. Ба мардум зарар расонидан одати «мормиҷозҳост». Дар ин бора Саъдии бузург фармудааст:
Бадаслро чӣ гуна касе тарбият кунад,
Дар ҷайби худ чӣ гуна касе мор парварад.
Оқибат «морбача» дар кӯраи беадабию бадахлоқӣ «пухта» «мор» мешавад. Яъне, ҳамон бадахлоқе, ки мо ба қалам меорем. Бо ҳар роҳ, одати бади хеш – заҳрзаниро идома медиҳад. Инаш, «дарди бахайр». Низо ва ҷангҷӯиро «пеша» менамояд. Ва бо нияти ғаразнок ва хиёнат бар Ватан (албатта, бо фиреби хоҷагонаш) шомил мешавад ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ. Баъд чӣ? Яроқ ба даст мегирад дар кишвари ғайр, мисли Ироқу Сурия, сӯйи мардуми ҷангзадаву сулҳхоҳ ҳамчун зархарид аз яроқи оташфишон оташ мекушояд, хуни ноҳақи эшон мерезад. Албатта, дар сафи Ҳалимзодаҳо барин хоинони Ватан истода. Вай аз куҷо донад, ки ҷангхоҳ худ рӯзе ҳадафи тир қарор бигирад, мисли саги ваҳшӣ бимирад.
Тавассути «оинаи нилгун» намоиш медиҳанд амали нопоку ваҳшиёнати террористонро дар мулки Сурияву Ироқ… Дар сафи онҳо ном мегиранд тоҷикеро, ки «оқи падар» асту хоин ва ба миллату Ватан доғ меорад. Ва аз Парвардигор талаб мекунӣ, ки ин қабил ҳайвонсириштон дар мулки бегона бекафан бимиранду эми зоғу лошахӯрон шаванд. Воқеан чунин мешавад. Дар ин маврид мисраҳои Мавлоно Ҷомӣ аз лавҳи хотир мегузаранд:
Каждум аз баҳри он, ки бадгуҳар аст,
Монданаш айбу куштанаш ҳунар аст.
Албатта, ба террорист на зари хоҷагонаш насиб мекунаду на хоки Ватан. Вайро бо ҷинояткориву хиёнаташ нахоҳанд бахшид. Ва тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад».
Ва оне, ки ба қадри Тоҷикистони биҳиштосо намерасад ва сӯйи хиёнат гом мезанад, номи бади «террорист» – ро ба хеш мегирад, билохир ватангадо мешаванду кӯр. Бовар кунед…
А.ИКРОМОВ, рӯзноманигор