Аҳолӣ Вохӯри бо ҷамоат Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат

БАҲРИ ОБОДИВУ СОЗАНДАГӢ

print

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  бо  мақсади шарҳи муҳтавои мулоқоти муҳтарам Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12 майи соли 2018 дар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин баргузор шуд, нақшаи чорабинӣ тартиб дода, силсилаи вохуриҳоро баргузор намуд. 

Дар ҷараёни вохӯриҳо роҳбарияти шаҳр ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони ҷамоатҳои деҳот вохӯриҳо баргузор намуда, муҳтавои мулоқоти мазкур ва мақсади дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллатро мавриди шарҳу тавзеҳ қарор доданд.

 Зимни баромадҳо таъкид шуд, ки дар ҷараёни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эм

омалӣ Раҳмон диққати иштирокчиёнро ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар баъзе кишварҳои олам, ҳолати дастрасии аҳолии сайёра ба неъматҳои моддию сарватҳои табиӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва низоъҳои солҳои охир ба ташаккули дунёи маънавии инсоният, инчунин дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҷалб карданд.

Вобаста ба вазъи 

ноороми сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзадаи олам Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳ

мон таъкид доштанд, ки вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон-истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем.

Ҳамчунин зимни суханрониҳо роҳбарияти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр вобаста  ба таъмини волоияти қонун, таъмини амнияти давлату миллат,пешгирии қонуншиканиҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, зарурати қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки зимни суханронии муҳтарам Пешвои миллат дарҷ гардид,  андешаронӣ карда, аз сокинони шаҳр риояи муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Вобаста ба супоришҳои дигар, ки ба масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватанпарастӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ дар ҳар як ҷамоату деҳоти кишвар, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо, ки  дар мулоқот таъкид гардид

, аз ҷониби сокинони ҷамоатҳои деҳот дастгирӣ ёфт.

Соҳибкорону фаъолон ва намояндагони ҷамоатҳои деҳот нисбат ба ҳадафҳои арзишманди Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дастгирии ҳамаҷонибаи худро изҳор дошта, қайд намуданд, ки нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи шаҳри Турсунзодаро, иҷро намуда, ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон ва истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сайъу талош менамоянд.

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *