Нуқтаи назар

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ДАР ИСЛОҲОТИ СОҲАИ МАОРИФ

print

Пешвои муаззами миллат ба соҳаи  маориф ва пешравии он диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, дар мулоқоту суханрониҳояшон пайваста дастуру ҳидоятҳо медиҳанд, то ки ин соҳаи ҳаётан муҳими кишвар бомаром рушд ёбад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ айни замон дар ҷумҳурӣ 3865 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, 364 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 522 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 2979 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд. Дар муассисаҳои  таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ  1 млн. 877 ҳазору 762 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 53395 нафар зиёд мебошад. Тавре коршиносон ақида доранд, санҷишҳои  дар се соли охир гузаронида аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки азхудкунии  барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ  сол то сол беҳтар шуда истодааст.

Чуноне Пешвои миллат дар ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, танҳо дар соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Ин раванд дар доираи барномаҳои давлатӣ солҳои минбаъда низ идома ёфта, ба беҳбудии инфрасохтор ва таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маориф мусоидат хоҳад намуд. Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони  лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Бояд қайд кард, ки ислоҳоти соҳаи маориф давра ба давра дар ҳама самтҳо амалӣ хоҳад шуд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро бояд тарбия намуд. Аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда шуд, ки диққати наврасону хонандагонро барои азбар намудани донишҳои муосир ҷалб созанд, онҳоро дар руҳияи донишандӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд.

Пешвои миллат ҳамчунин дастур доданд, ки ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисос чораҷӯӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани мактабҳои деҳот, ки ин нишондиҳанда то имрӯз 70 фоизро ташкил медиҳад, тадбирҳои зарурӣ андешида, то соли 2019 масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат пурра бартараф карда шавад.

Иқдоми наҷиби Сарвари давлат оиди эълон доштани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз ҷумла, мо – маорифчиёнро водор месозад, ки баробар бо бурдани корҳои таълимӣ, инчунин дар қалбу шуури шогирдони ҷавон  ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносиро парвариш диҳем, то ин ки сидқан дӯст доштани Ватан, ҳифз намудани манфиатҳои миллии он ва бо донишу маърифати замонавӣ дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистон аз ҳадафҳои асосии онҳо қарор бигирад.

Гулбибӣ ЭШОНҚУЛОВА,

омӯзгори МТМУ  № 59-и шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *