Худкушӣ, мутаассифона аз падидаҳои номатлубе ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар ҷомеа ба чашм мерасад. Ҷомеа бояд бо ҳар роҳ садди зиёдгардии ин падида гардад.
Қариб ҳар касе, ки ҷиддӣ дар бораи худкушӣ фикр мекунад, дар ҳар ҳолате ҳам бошад, нияташро бо ҳаракатҳои худ ба атрофиён ошкор мекунад. Дар байни шахсоне, ки қасди худкушӣ кардаанд, аз 70% то 75% – и онҳо бо ҳар роҳе ақидаҳои худро ошкор намуданд ва ин ишораҳо барои атрофиён назарнорас буданд. Бисёр муҳим мебошад, ки аз 70% то 75% ҳиссаи шахсони ба худкушӣ даст зада, дар ҳафтаҳо ва моҳҳои наздики пеш аз воқеа, бо ҳар баҳонае ба назди наздикону табибон ва кормандони ҳифзи иҷтимоии худ мераванд. Онҳо дар ҷустуҷӯи сухан гуфтан, яъне дарди дил иброз кардан мебошанд. Бо вуҷуди ин кормандони иҷтимоӣ, табибон ва оила диққати мушаххасро барои дарки руҳияи пароканда харҷ намекунанд.
Дар бисёри мавридҳо хоҳиши худкушӣ кардан ва зид будан бар ин амал чунон баробаранд, ки дар ҳамон ҳолатҳо ӯро дастгирӣ карда, меҳрубонӣ намоянд, мумкин аст сатҳи худкушӣ кам шавад.
Аксаран атрофиён ба кӯшишҳои худкушӣ дағалона муносибат менамоянд ва чунин мегӯянд: «ӯ танҳо барои ҷалби диққати атрофиён, ин корро кардааст». Ҳар як кӯшишҳои худкуширо, бояд ҷиддӣ қабул намуд, новобаста аз он ки ба назар безарар менамояд.
Таҳдиди худкушӣ ин як даъвати ғайриихтиёрӣ буда, интизори гирифтани ёрӣ, ҳимоя ва дахолат кардан аз атрофиён мебошад. Пас аз оне, ки аз ҷониби атрофиён дасти мадад дароз нагардад, инсон метавонад тарз ва вақти худкуширо ихтиёр намояд.
Нисбати ин гуна суханон набояд беаҳмиятӣ зоҳир намуд. Омодагӣ ба худкушӣ аз хусусиятҳои шахсияти инсон ва шароити атроф вобастагӣ дорад.
Сабабҳои худкушӣ зиёданд: мушкилотҳо дар ҳаёти шахсӣ, ҷанҷол, ҷудошавӣ, ишқи бебарор, бевафоӣ, фавти шахси наздиктарин, танҳоӣ, беаҳмиятӣ аз тарафи шахсони атрофбуда, аунтинг (овоза дар байни халқ дар бораи ҳаёти шахсӣ), нобаробариҳо дар кор ва таҳдиди даст додани пули калон, ғамбемории вазнин бемориҳои вазнини соматикӣ, худмаҳкумкунӣ барои рафтори нодуруст, тарсӣ муҷозот шудан, технологияи муосир, худкушӣ барои ҳимояи номуси худ кушии тақлидӣ (пас аз марги шахсони бонуфуз).
Дар умум шахсони худкушикунандаро эҳсосотҳои духела идора мекунад, ки онҳо ҳисси ноумедӣ доранд ва дар ҳамон лаҳза умеди наҷотёбиро низ доранд.
Мо табибон омода ҳастем, ки саҳми худро дар пешгирии ин роҳ бигузорем. Гузаронидани корҳои профилактикӣ дар байни ҷавонон, таблиғоти тарзи ҳаёти солим, варзиш, ба машғулияти фоиданок ҷалб намудани насли наврас бо ҷалби диққати волидон ва ғайра аз омилҳое ба ҳисоб мераавнд, ки метавонанд садди роҳи ин ҳодисаи номатлуб шаванд. Ҳамзамон намояндагони дин ҳам бояд аз нуқтаи назари динӣ оиди оқибатҳои нохушӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Бисёртар барои пешгирии ин падидаи номатлуб бояд муомилаи байни одамон бо ҳамдигар хуб бошад ва мо кӯшиш кунем, ки хубтар якдигарро фаҳмем ва ҳар гуна фикрҳои ночизе ҳам бошад, диққат диҳем ва ҷавонону наврасонро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем.
Алишер ЭСАНОВ,
директори МҶБАР-и
дар шаҳри Турсунзода.
Духтур сабабҳои худкуширо хуб қайд кардаанд. Яке аз сабабҳои худкуширо духтур аз технологияи муосир медонанд. Ин чӣ маънӣ дорад? Падару модарони азиз, ба ин масъала бояд аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуд, зеро мо дар асри технологияҳои нав зиндагонӣ мекунем. Духтур дар ин хусус шабакаҳои иҷтимоиро дар назар доранд. Дар шабакаҳои интернетӣ баъзе мақолаҳое мавҷуданд, ки инсонро ба худкушӣ даъват мекунанд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади аз чунин хатар эмин нигоҳ доштани фарзандон назорати телефонҳои мобилӣ ва компютерҳои насли наврас вазифаи ҷонии волидон аст…
Доктор А Эсанов, маколаи хуб. Ба фикрам Fолиб дуруст мегӯяд. Аз ин хотир ба ин масъала маълумоти бештар медодед хуб мешуд, зеро мо мехоҳем насли наврас аз таассуроти манфии технологияи муосир ҳифз карда шавад