Фарҳанг

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ

print

Раиси шаҳри Турсунзода  Сиҷоуддин  Саломзода  15 декабри  соли равон  дар толори конфронсҳои макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо як гурӯҳ кадбонуҳои маҳаллаҳои шаҳри Турсунзода  вохӯрӣ намуд. 

Дар ҷараёни вохӯрӣ иброз гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ  дар Тоҷикистон иду ҷашнҳо, расму оин, анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, суннатҳои неки фарҳанги дастурхондории миллӣ  эҳё гардид.  Баргузории  озмунҳои таомҳои миллӣ аз қабили оши палав, қурутоб, шакароб, шурбо, манту, оши бурида ва ғайраҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Хусусан, дар баргузории ҷашнҳои милливу давлатӣ гӯшаҳои таомҳои миллӣ ба ҷашнҳо таровати тоза зам менамояд.

Дар идома раиси шаҳр илова намуд, ки  кадбонуи тоҷик ҳамчунин бо ҳунари нонпазӣ  номвар буда, халқи моро оламиён бо намунаи зиёди маҳсулоти нонӣ мешиносанд. Нони чаппотӣ, фатир, кулча, гирдача, расида, фатири қат – қат, хасфатир  аз зумраи маҳсулотест, ки дастурхони моро оро медиҳад.

Саломзода С. ҳамчунин иброз дошт, ки чун анъана пеш аз ҳама ба назди меҳмон рӯи дастархон нон мегузоранд, ки нишонаи  фаровонӣ ва файзу баракат аст  ва илова намуд, ки бо мақсади эҳёи ҳунари нонпазии миллӣ ва идомаи ин анъанаи неки ниёгон  тасмим гирифтем, ки  бо  кадбонуҳо суҳбате дошта бошем.

–  Ба ин васила   даъват менамоем, ки модарон ба насли наврас суннатҳои нонпазиро омӯхта, ҳамчун мероси миллӣ ин анъанаи некро аз аз насл ба насл идома диҳанд, иброз дошт раиси шаҳр.

Дар рафти вохӯрӣ кадбонуҳо иброз доштанд, ки ин пешниҳоди шаҳрдорӣ қобили дастгирӣ буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷавононро аз нозукиҳои пухтани таомҳо ва нони миллӣ баҳравар намоянд.

Котиби матбуоти раиси шаҳр

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *