Мансур СУРУШ, нависанда. Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Акрам ИКРОМӢ. Бо писари нависандаи намоёни тоҷик Ҷалол Икромӣ, олими кимёгар Ҷонон Икромӣ дӯсти қарин будам. Ҳангоми суҳбати байниҳамдигарӣ, ӯ дар бораи ҳаёти падари бузургвораш аҷоиб воқеаҳои ибратбахшро бо завқ ҳикоя мекард. Ҳоло нахустин ҳикояашро ба шумо гуфтаниям. – Падарам фавқулодда сермаҳсул буд, – рӯзе ба сухан оғоз намуд […]
Author: Tursunzoda
АМРИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Бо аз 24 январи соли 2018, №12 тасдиқ шудааст НИЗОМНОМАИ озмуни шаҳрии «Беҳтарин қитъаи гулкорӣ» дар ҳудуди шаҳри Турсунзода» Муқаррароти умумӣ 1.1. Низомномаи мазкур тартиб ва шартҳои гузаронидани озмунро дар қитъаҳои вобасташудаи замини гулкорӣ дар шоҳроҳ, ҷамоатҳои деҳот ва ҳудуди шаҳри Турсунзода муайян менамояд. 1.2. Озмун ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати […]
ТОҶИКИСТОН: ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ
Санаи 22 марти соли равон татбиқи ташаббуси нави глобалии Пешвои миллат-Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” шуруъ мешавад. *** Шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии байналмилалии шиносномаҳои ҷаҳон бо имкони сафар ба 53 давлати дунё сархати 81-умро ишғол менамояд. *** Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ба хотири амнияти шаҳрвандонаш дар тавсияи […]
МАҚСАД – ХУРРАМГАРДОНИИ ШАҲР
Дар Паёми навбатӣ муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии мамлакат ба Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои ҳидоятгарона дода, фармуданд, ки масъулин ба иҷрои ҳама гуна иқдомҳо бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандӯстӣ муносибат карда, ба масъалаи ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар […]
НАМОИШИ НИҲОЛҲО ДАР ҶАШНИ САДА
Миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ бо фарҳанги куҳанбунёди худ саҳми муассир дорад. Боиси сарфарозист, ки бо ташаббусҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намудаанд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни […]
СИПОСНОМА АЗ ҶАШНИ САДА
Боиси ифтихори ҳар як фарди ватандӯст аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Санаи 30 январи соли равон дар саросари кишвар ҷашни Сада, ки аз қадим ҳамчун ҷашни ғалабаи нур ба зулмот шинохта шудааст, бо шаҳомати […]
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТ
Раиси шаҳри Турсунзода минбаъд дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби раисони Ҷамоатҳои деҳот иштирок менамояд. Чунин чорабинӣ санаи 25 январи соли равон дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият ба вуқуъ пайваст. Тавре, ки аён аст қабули шаҳрвандон, ҳалли муаммоҳои онҳо алҳол ба яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳатто сиёсии рӯз табдил ёфтааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии […]
“АМАЛҲОЕ”, КИ ОСЕБПАЗИРИ БИНОҲОЯНД
Акрам Икромӣ, рӯзноманинор. Шаҳрамон, ки номи шоири шаҳир, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро ба худ гирифтааст, торафт ободу зебо мешавад. Бо заҳмати фарзандони баору номус ва ободгараш. Алалхусус, биноҳои баландошёна ба шаҳр ҳусн зам мекунанд. Мутахассисон хуб медонанд, ки ин биноҳо ба чанд балл заминҷунбӣ бардошт медиҳанд. Зидди онанд, ки бошандагон дар утоқҳои худ худсарона қоидаҳои […]
ОБ НЕЪМАТИ ИЛОҲИСТ
Боиси сарфарозист, ки пешниҳоди навбатии Сарари давлати азизамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз тарафи ҷомеаи байналхалқӣ ва ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ-СММ ба иттифоқи оро ва ҷонибдории комил қабул гардид. Тибқи фармудаи Президенти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи […]
“ЗИ ҲУШАНГ МОНД ИН САДА ЁДГОР”
Сада ҷашни қадима буда, ба халқиятҳои ориёинажод мансуб аст. Тибқи солшумории мелодӣ ҷашнгириаш ба охири моҳи январ рост меояд. Аз рӯи солшумории шамсӣ бошад, Садаро 10-уми моҳи Баҳман таҷлил менамуданд. Сада аслан аз шумораи сад гирифта шудааст ва аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Аз рӯи гуфти Абурайҳони […]