Хабарҳо

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТ

print

Раиси шаҳри Турсунзода минбаъд дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби раисони Ҷамоатҳои деҳот иштирок менамояд. Чунин чорабинӣ санаи 25 январи соли равон дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият ба вуқуъ пайваст. 

Тавре, ки аён аст қабули шаҳрвандон, ҳалли муаммоҳои онҳо алҳол ба яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳатто сиёсии рӯз табдил ёфтааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса доранд ва пайваста таъкид менамоянд, ки муносибат ба муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби тамоми роҳбарон, хусусан хизматчиёни давлатӣ куллан таѓйир дода шавад. Дар суханрониҳои худ Сарвари давлат пайваста диққати тамоми роҳбаронро ба ин масъала ҷалб намуда, таҳти назорати махсус қарор додани ҳар як муроҷиати шаҳрвандон ва андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба ҳалли масъалаҳои ба миён гузошташударо возеҳу равшан ва қотеона тақозо кардаанд.

Баргузории мулоқотҳо бо шаҳрвандон дар манотиқи гуногуни шаҳр ва деҳоти дурдаст ва қабули шаҳрвандон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода Саломзода Сиҷоуддин, ки зимни дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат таи чанд соли охир ҷараён дорад, бешак, ба раванди демократикунонии ҷомеа ва ҳалли мушкилоти зиёд, ки дар маҳалҳо ҷой доранд, такони тоза бахшид. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ муътақид аст, ки ҷиҳати густариши ин амал шаклу усулҳои беҳтару манфиатбахши корро ҷустуҷӯ ва татбиқ намудан лозим аст. Ҳамин аст, ки таъмини иштироки раиси шаҳр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, роҳбарони сохторҳои мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият ба ин масъалаи муб-рам ҷараёни тоза бахшид.

Дар чорабинии мазкур раиси шаҳрро роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Муҳсиддин Назиров, иштирокчии Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурасул Раҷабов, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Муистон Азизова, сартабиби БМШ Тоҷиддин Ятимов ва  мудири бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана, ҷашну маросими миллӣ Саидамин Остоназода ва намояндагони ВАО-и маҳаллӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Сокинони деҳоти 10-солагии Истиқлолият бо масъалаҳои гуногун ба рӯзи қабули Ҷамоати деҳот ҳозир шуда буданд. Муайян кардани мансубияти Бунгоҳи тиббии деҳаи Чуқуркат, таъмини замини наздиҳавлигӣ, баррасии мансубияти хобгоҳе, ки дар тавозуни хоҷагии “Наврӯз” қарор дорад, ташкили хоҷагии хурди деҳқонӣ, таъмини нафақа, таъмини замин барои сохтани дӯкони нонпазӣ ва маѓоза, таъмини ҷойи кор ва ѓайраҳо аз масъалаҳое буданд, ки дар рӯзи қабули шаҳрвандон мавриди баррасӣ карор гирифта, ба ҳалли мусбати онҳо мусоидат гардид. Боиси тазаккур аст, ки тамоми муроҷиаткунандагон аз ширкати раиси шаҳр дар рӯзи қабули шаҳрвандон ва ҳал гардидани мушкилоташон қаноатмандӣ изҳор намуданд.

Раиси шаҳр Саломзода С. пас аз анҷоми қабули шаҳрвандон аз утоқҳои кории ходимони Ҷамоати деҳот дидан ба амал оварда бо шароити кори онҳо шинос шуд ва барои боз ҳам беҳтар кардани он дастуру супориш ва маслиҳатҳои муфид дод. Ҳангоми мулоқот бо кормандон раиси шаҳр таъкид намуд, ки ҳар як роҳбар, бахусус хизматчии давлатӣ, бояд ҳадди имкон бо шаҳрвандон наздиктар шудаву аз муаммову масъалаҳои ҳалталаби онҳо бохабар гашта, ҷиҳати дастгирии онҳо чораҷӯӣ намояд, ба вазифа ва мақсаду маромаш собитқадам бошад, зеро имрӯз мардум аз хизматчиёни давлатӣ пешравии бонизоми ҷомеаро   чашмдор аст.

Дарк намудани набзи ҳаёти мардум, иҷрои дархости онҳо дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, устувор нигоҳ дош- тани рӯҳияи созандаи мардум ва фазои орому осоиштаи ҷомеа, дар ниҳоди ҳар як шаҳрванд парваридани ифтихор аз истиқлолият, сафарбарии омма ба меҳнати бунёдкорона ҷиҳати таъмини ѓановат ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар мақсади асосии мулоқоти хизматчиёни давлатӣ бо мардум ба ҳисоб меравад. Дар назар аст, ки чунин чорабинӣ дар тамоми Ҷамоатҳои деҳот баргузор мегардад

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *