Таҷлил Фарҳанг

СИПОСНОМА АЗ ҶАШНИ САДА

print

Боиси ифтихори ҳар як фарди ватандӯст аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.

Санаи 30 январи соли равон дар саросари кишвар ҷашни Сада, ки аз қадим ҳамчун ҷашни ғалабаи нур ба зулмот шинохта шудааст, бо шаҳомати хоса баргузор шуд. Хусусан, Боғи фарҳангӣ- фароғатии “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Душанбе қабои идона ба бар карда буд. Аз гӯшаву канори кишвар дар ин  мавзеъ ниҳолу гул, намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ба намоиш гузошта шуда буд.

Дар тантанаҳои ҷашни Сада кишоварзону ҳунармандони шаҳри Турсунзода низ иштироки фаъолона намуда, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мухталифи мардумиро ба намоиш гузоштанд.

Аз намоишгоҳи идона Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии наз-ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ  дидан карда, омодагии шаҳру навоҳии кишварро баҳогузорӣ намуданд.

Шаҳри Турсунзода бо натиҷаи хуб сазовори Сипоснома ва туҳфаи хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.

Ҷаҳонгир РАВШАНОВ,

сардори Раёсати кишоварзии

 шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *