Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Фарҳанг

ОБ НЕЪМАТИ ИЛОҲИСТ

print

Боиси сарфарозист, ки пешниҳоди навбатии Сарари давлати азизамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз тарафи ҷомеаи байналхалқӣ ва ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ-СММ ба иттифоқи оро ва ҷонибдории комил қабул гардид.

Тибқи фармудаи Президенти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли 2017 ироа гардид: «Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад».

Кишвари азизамон дорои сарватҳои зиёди табиӣ буда, об яке аз он боигариҳост, ки Худованди карим барои мардуми сарбаланди мо арзонӣ доштааст. Қайд кардан зарур аст, ки Тоҷикистон аз захираи ин неъмати бебаҳои Илоҳӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал ва дар миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойи сеюм қарор дорад.

Масъалаи дигар боиси тазаккур аст, ки имрӯз дар миқёси умумиҷаҳонӣ мардуми кишварҳои зиёде аз нарасидани оби ошомиданӣ ва полезӣ мушкилӣ мекашанд ва ин муаммо сади роҳи рушди устувори онҳост. Аз ин рӯ ҳар як тоҷикистонӣ бояд аз арзониву зиёдии ин неъмати Илоҳӣ шукрона намуда, барои исроф накардан, дуруст ва мақсаднок истифода намудани он кӯшиш ба харҷ диҳад. Худованд (ҷ) дар Қуръон мефармояд: «Бихӯред ва биёшомед, вале исроф накунед, зеро Худованд исрофкоронро дӯст намедорад». Пас мо бояд тавре рафтор намоем, ки натиҷаи он моро аз марҳамат ва муҳаббати Илоҳӣ бенасиб нагардонад. Муносибати эҳтиёткорона ва сарфакорона нисбат ба об бояд ҳамчун як ҷузъи одоб ва фарҳанги миллӣ дар руҳу равони мардуми мо пайванд гардад. Ин масъала аввал дар оила, сипас дар ҷомеа талқин гардида, бояд боиси ибрати ҳамагон бошад. Исроф дар заминае ба вуҷуд меояд, ки кӯдак дар хонаводаи шахси исрофкор чашм ба олами ҳастӣ мекушояд. Ва ин навниҳоли тоза дар хонаводае тарбият меёбад, ки калонсолони он реҷаи муайяне дар ашёи хонаводагӣ надоранд.  Ин беаҳамиятӣ оҳиста-оҳиста дар тарбияи рӯҳию маънавии кӯдак таъсири манфӣ  мерасонад. Вақте ӯ оилаи шахсии худро месозад, ин одати бади худро ҳатман ба оилаи нав мегузорад. Ҳамин тавр насл ба насл ҳама исрофкор шуда мераванд. Ё инсон замоне, ки бо рафиқони исрофкор ҳамнишинӣ  мекунад, он рафиқон ба ӯ таъсири манфӣ хоҳанд гузошт. Дар ин робита оқиле фармудааст:

Ҳар кӣ бо аттор мегардад қариб,

ӯ ҳаме ёбад зи бӯйи хуш насиб.

Ҳар кӣ гирди кураи ангишт гашт,

Ҷома аз дуди сиёҳӣ зишт гашт.

Дар дини муқаддаси Ислом ба об аҳамияти зиёде дода шуда ва дар Қуръони карим об баъд аз инсон боарзиштарин офаридаи Илоҳӣ ба ҳисоб омадааст. Беш аз 100 ояти Қуръони карим дар бораи табиат вуҷуд дорад ва Худованд (ҷ) инсонро ба андеша дар бораи об даъват карда ва шукру сипосгузорӣ нисбат ба ин неъмати бузургро ёдовар шудааст.

Худованд (ҷ) дар бораи аҳамияту арзиши об дар Қуръон фармудааст:

“Ва ҳар чизи зиндаеро аз об офаридем.” (сураи Анбиё, ояти 30), яъне ин оят далолат бар офариниши ҳамаи мавҷудоти зиндаро аз об дорад. Ҳамчунин бисёре аз оятҳои Қуръони карим таваҷҷуҳи инсонро ба вазифаи муҳими борон, яъне додани ҳаёту зиндагӣ ба замин ҷалб мекунад. Яке аз асароти муҳиму бузурги об дар замин, ки инсон аз манфиатҳои он баҳра мебарад зинда кардани замини мурда аст, ки дар зиёда аз 10 ояти Қуръони карим бар он ишора рафтааст. Дар сураи Фурқон Худованд (ҷ) мефармояд:

“Ва ӯ касе аст, ки бодҳоро барои башорат (шодмонии шумо) пеш аз раҳмати хеш фиристод. Ва обе поккунанда аз осмон нозил кардем то ба сабаби он замини мурдаро зинда созем ва офаридаҳои худамон, чаҳорпоён ва инсонҳои бисёреро аз он сероб гардонем”. Дар ҷои дигар Худованд (ҷ) мефармояд: “Худованд аз осмон об фиристод ва ба василаи он заминро пас аз марг зинда кард” (сураи Наҳл, ояти 65)

Боиси зикр аст, ки об танҳо вазифаи ҳаёт бахшидан ба заминро иҷро намекунад, балки вазифаи пок гардонидан ва покизагии инсонро ҳам уҳдадор буда, инсонро аз ҷиҳати зоҳиру ботин покиза менамояд.

Неъмтаҳои Илоҳӣ амонатҳое ҳастанд, ки Худованд (ҷ) барои рушду пешрафт дар ихтиёри инсон қарор додааст. Дар ин сурат баҳрабардорӣ, корбарӣ ва истифода аз неъматҳои беҳисоби илоҳӣ бояд ба шакле сурат гирад, ки дар ҷиҳати анҷоми дастуроти Илоҳӣ ва саодати инсон бошад. Дар амалигардонии роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат низ аз саҳмгузорони арзанда бошем.

Имомалӣ ШАРИПОВ,

имомхатиби ҷамоати деҳоти Қаратоғ.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *