Нуқтаи назар

МАҚСАД – ХУРРАМГАРДОНИИ ШАҲР

print

Дар Паёми навбатӣ муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии мамлакат ба Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои ҳидоятгарона дода, фармуданд, ки масъулин ба иҷрои ҳама гуна иқдомҳо бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандӯстӣ муносибат карда, ба масъалаи ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Бо мақсади  татбиқи супоришҳои созандаи  Сарвари давлат дар шаҳри  Турсунзода  зумраи корҳои судманд амалӣ мегарданд.  Аз ҷумла бо мақсади кабудизоркунию ободонӣ, тозагии муҳити зист  амри  раиси шаҳри Турсунзода аз 24 январи соли 2018, №12 Дар бораи гузаронидани озмуни “Беҳтарин қитъаи гулкорӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода” ба тасвиб расид, ки ҷамоатҳои деҳот, корхонаву ташкилоти мухталифи шаҳр омодагии худро ҷиҳати иштирок дар озмун баён дошта, аз пайи корҳои созандаву бунёдкорона  шуданд.

Хусусан корҳои ободонӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода муташаккилона идома дошта, баҳри хуррамгардонии шафати роҳ ва мавзеъҳои гулкорӣ  аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва як қатор корхонаву ташкилоти шаҳр беш аз 20 ҳазор гулҳои рангоранги садбарг шинонида шуд. Маъракаи хуррамгардонӣ дар кӯчаҳои ҳудуди шаҳр, роҳҳои даврашакл ва канори дохили шаҳр низ ҷараёни тоза гирифта, қариб 20 ҳазор гули садбарг шинонида шуда, барои шинонидани боз 10 ҳазор бех гули садбарг корҳои омодагӣ  идома дорад.

Боиси тазаккур аст, ки бо ташаббуси раиси шаҳри Турсунзода  Сиҷоуддин Саломзода дар шаҳр ҳамарӯза корҳои ободонӣ вусъат гирифта, шинонидани  ниҳолҳои сояфкану ороишӣ ва мевадиҳанда  муташаккилона идома дорад. Аз ҷониби сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Сешанбе, Қаратоғ ва ба номи Т. Тӯйчиев  рӯзҳои истироҳатӣ беш аз 300 бех ниҳолҳои ороишӣ дар канори шоҳроҳ шинонида шуд.

Дар ин раванд, мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода  сабзиши гулу буттаҳо ва навниҳолони сояафкану ороиширо  таҳти назорат қарор дода,  миёни сокинон ҷиҳати хуррамгардонии шаҳр, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва беҳтар намудани муҳити зист суҳбатҳои судманд баргузор менамоянд.

Усмоналӣ Иргашев,

мутахассиси шуъбаи

ҳифзи муҳити зисти шаҳр.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *