Нуқтаи назар Сиёсат

БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД

print

Имрӯзҳо ТЭТ ҲНИ дар якҷоягӣ бо се гурӯҳи дигар кӯшиши гуроҳ сохтани мардуми кишвари моро доранд на обод карданро. Зархаридони хориҷӣ бояд бидонанд, ки хочагонашон пас аз ба мақсади худ расидан ниёзе ба  ин хоинони миллату давлат ба монанди Кабирию ҳаммаслаконаш надоранд. Дар урфият мегӯянд «Давидани гӯсола то ба дари коҳдон ». Бо чунин амалҳои зишт мехоҳанд обрӯи Тоҷикистонро ба монанди обрӯи худ бирезонанд, Аммо мо мардуми тоҷик мехоҳем доимо сулҳу ваҳдат дар Ватани азиз поянда бошад.

Таърих гувоҳ аст, ки мухолифоне чун М. Кабирӣ ҳатто баъд аз ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ чун дар ниҳоди бадсиришт мақсади бадхоҳона доштанд, аҳду паймони худро дар назди миллат шикастанд, ва даст ба хунрезӣ заданд. Дар ниҳоди ин тоифа “паймонхоҳон” ҷуз паймоншиканӣ коре нест, ба ибораи шоир:.

Саг сулҳ кунад ба устухоне.

Нокас накунад вафо ба ҷоне,

Саг дӯст шуду ту ошно на.

Сагро ҳаққи ҳурмат аст туро на!

Ин фитнаҷӯён барои манфиати худ мехоҳанд ҷомеаро гумроҳ созанд, аз ҷумла Кабирӣ имрӯз дар паноҳи хоҷагони ғаразҷӯяш барои худ паноҳгоҳ сохтаву Ватанро зери ҳақорат қарор медиҳад, аз пешрафту рушди кишвар ангушти ҳасад мегазад.

Бо ин ҳама хиёнат чӣ гуна Кабирӣ ва дигар атрофиёнаш аз “ифтихори миллӣ” сухан мегӯянд, хандаовар аст.

Кабирӣ, ту фаромӯш накун, ки ин рафтори номардонаи туро миллат намебахшад ва барои гумроҳии мардум чун аз ислом бардуруғ ҳарф мезанӣ ва худ хилофи он амал дорӣ  яқин дон, ки ба ғазаби Худо гирифтор мешавӣ.

Мушовири кабинети методии

шуъбаи маорифи ш.Турсунзода                ҶӮРАЕВ СУҲРОБ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *