Таҷлил Фарҳанг

НАМОИШИ НИҲОЛҲО ДАР ҶАШНИ САДА

print

Миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ бо фарҳанги куҳанбунёди худ саҳми муассир дорад. Боиси сарфарозист, ки бо ташаббусҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намудаанд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ-Наврӯз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад. Ҷашни Сада марбут ба замони пеш аз ориёиҳо буда, аз замони шоҳони асотирии пешдодиён, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола дорад, сарчашма мегирад.

Дар шаҳри Турсунзода ба ифтихори ҷашни суннатӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ санаи 27 январи соли равон чорабинии тантанавӣ баргузор шуда, намоиш-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироати кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар намоиш  хоҷагидорону кишоварзон ва муассисаҳои таълимии шаҳр  навъҳои гуногуни ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз, мевадиҳанда, сояафкан, гулу бутта ва тухмии зироатро ба намоиш гузоштанд.

Раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода аз намоиши мазкур дидан намуда, бо деҳқонон, боғдорон ва токпарварони шаҳр суҳбат орост. Кишоварзон вобаста ба навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, ниҳолу бехи токҳо ва дарахтони ороишиву сояафкан, ки ба иқлими шаҳр мувофиқат намуда, нашъунамо ва ҳосили хуб доранд, маълумот манзур намуданд.

Хонандагони муассисаҳои таълимӣ вобаста ба ҷашни Сада  шеъру таронаҳо қироат намуда, ҳунари  санъаткорони шуъбаи фарҳанги шаҳр ба  намоиш ҳусни идона бахшиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *