Бо фаро расидани фасли сармо мардум ба истеъмоли маҳсулоти консервагӣ оғоз менамоянд. Маҳз дар ҳамин давра хатари ба бемории ботулизм гирифтор шудани одамон ба вуҷуд меояд. Дар урфият “Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ” мегӯянд. Бинобар ин дар мақолаи зер дар бораи чигунагии ин беморӣ, роҳҳои пешгирии он, дуруст таҳия кардани маҳсулоти захиравӣ маълумот медиҳем. Ботулизм […]
Month: Декабр 2017
ҶАВОНОН НЕРӮИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТАНД
Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои дурахшони рушди имрӯза ва минбаъдаи кишвари ҷоноҷонамон саҳифаи наверо кушод. Наврасону ҷавонон дар ҷомеа ҳамеша рамзи матонату ҷасорат, қатъияту шуҷоат, омили пешравию шукуфоӣ, пойдории Ватану миллат буданд ва хоҳанд монд. Бешубҳа нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]
ЗАБОНИ НОБУ ШЕВОВУ ШИРИН…
Байни ҷаҳониён эътироф гардидааст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин ва зеботарини олам буда, ҳанӯз дар даврони ҳукмронии Тоҳириёну Саффориён, сипас Сомониён дар дарбори шоҳон чун забони идораи давлату коргузории девон ривоҷи васеъ пайдо карда буд. Бо ин забони бетакрор дар Хуросону Мовароуннаҳр нахустин шеъру ғазалҳои форсӣ – тоҷикӣ эҷод шуда, дар давоми қарнҳои […]
МУҲОФИЗИ АСОСӢ: АЗ ҚУМОНДОНӢ БА ОБОДГАРӢ
(Суҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров) Аз муҳаббат то хиёнат, аз ватандорӣ то беватанӣ, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ, чун аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст. Дирӯз Ҳаким Қаландаров қумондон буд, ҳоло даст ба ободии ватан задааст. Дар ноҳияи Панҷ ӯро пайдо кардан душвор аст. Гоҳ сари замини пахта, гоҳ сари ҳавзи моҳипаварӣ, гоҳи […]
ДАР СОЛИ ҶАВОНОН: ГОҲ АЗ ИНУ ГОҲ АЗ ОН
Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – ро Соли ҷавонони Тоҷикистон эълон карданд. Албатта, бо мақсади мавқеи ҷавононро дар ҷомеа баланд бардоштан, саҳми эшонро ба илмомӯзиву касбомӯзӣ ва корҳои ободонию созандагӣ дучанд гузоштан, ба тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ҳидоят намудан ва дигар […]
СУҲБАТИ СУДМАНД
Санаи 19 декабри соли равон муовини раиси шаҳр, раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои ҷамъиятӣ, шуғли аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, занон ва оила Солеҳа Холова дар ҳавзаи интихоботии №38 ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Туйчиев бо интихобкунандагон аз деҳаҳои Саркор, Дӯстӣ, Ҳақиқат, Ҳидоят ва Зарбдор вохӯрӣ баргузор намуд. Вакили мардумиро […]
ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Санаи 18 декабри соли равон дар маркази фарҳангии деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Навобод вохӯрии раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии №10 (сокинони деҳаҳои Истиқлол-1, Истиқлол-2, Темурмалик ва деҳаи дурдасти Шулум) баргузор шуд. Саломзода Сиҷоуддин мулоқотро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи вохӯрӣ шинос карда, доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоиву иқтисодии […]
Чорабинии тантанавӣ
Санаи 19-уми декабри соли равон бахшида ба Рӯзи энергетикҳо дар ҶСК Шабакаҳои барқи Турсунзода» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Турсунзода – Парвиз Акрамзода, сардори Сарраёсати молия ва хизматрасонии маъмурии ШСХК «Барқи Тоҷик» Рустам Маҷидов, нозири техникии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи энергетика Гулмурод Холмуродов ширкат варзиданд. Директори Ҷамъияти номбурда Салоҳиддин […]
ИДИ КАСБӢ МУБОРАК!
Кормандони соҳаи энергетикаи шаҳрамонро бо иди касбиашон – Рӯзи энергетикҳо, ки ҳар сол 22 декабр дар саросари кишвари азизамон қайд карда мешавад, табрику муборакбод менамоем. Дар қарни ХХI энергетика ба яке аз омилҳои муҳимтарини ҳастии давлатҳои олам табдил ёфта, бе рушди он рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст. Аз ин лиҳоз, расидан ба истиқлолияти энергетикии […]
САТТОР ТУРСУН: «МАН ҲАНӮЗ ДАР АҚИДАИ ХУД ҲАСТАМ – ПЕШВОИ МИЛЛАТИ МО САЗОВОРИ ҶОИЗАИ НОБЕЛИИ СУЛҲ МЕБОШАНД!»
Соли равон 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистонро ҷашн гирифтем. Фурсати он аст, ки дар бораи ин иҷлосияи тақдирсоз, дар бораи ин бисту панҷ соли гузашта, дар бораи Президент – кафили сулҳу субот дар ҷомеа мулоҳиза биронем. Ба ин хотир директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Саттор Турсун ҳамсуҳбат шуд. – Устод, баъди маросими […]