Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – ро Соли ҷавонони Тоҷикистон эълон карданд. Албатта, бо мақсади мавқеи ҷавононро дар ҷомеа баланд бардоштан, саҳми эшонро ба илмомӯзиву касбомӯзӣ ва корҳои ободонию созандагӣ дучанд гузоштан, ба тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ҳидоят намудан ва дигар ҳадафҳои наҷиб.
Ин ташаббусу пешниҳоди Пешвои миллат ҷавононро хеле руҳбаланду
шодмон намуд. Онҳо ҷавобан ба ғамхории Сарвари давлат ва Соли ҷавонон саъйи комил намуданд дар до- нишомӯзиву касбомӯзӣ ва ободониву бунёдкориҳо. Ҳангоми сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ низ масъулияти баланди ватандӯстиашонро собит сохтанд. Чун ҳамасола дӯст доштани Ватан, ҳимояи он, ба қадри сулҳу ваҳдат ва истиқлолият расиданро сармашқи зиндагиву ору номуси хеш донистанд. Ва бо пуррагӣ дарк намуданд, ки имрӯз ояндаи кишвар ва нуфузу эътибори давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз маърифати баланди сиёсӣ, ҷаҳонбинии солим, дониши замонавӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву худшиносии ҷавонон вобастагӣ дорад.
Дар ин соли фаромӯшнопазир ба корҳои идоракунии давлатӣ ҷавонон низ хуб ҷалб гардиданд, ки ин як самти ғамхории Пешвои миллат дар ҳаққи онҳо мебошад. Ҳамчунин барои рушди ҳамаҷониба, ташакулли истеъдоду нерӯи эҷодии ояндаи миллат шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ва дар Соли ҷавонон чорабиниҳои зиёди фарҳангиву варзишӣ ва сиёсӣ доир гардиданд, ки ҳамаашон фарогири ҳаёти насли ояндасоз буданд. Бархе аз ҷавонони Тоҷикистон дар озмунҳои фанниву мусобиқаҳои байналмилалӣ номбардори Тоҷикистони соҳиб- истиқлол гардиданд. Дар сафи онҳо ҷавонони шаҳри Турсунзода низ шомиланд. Чанде аз ҷавонони мо дар самти варзиш ноил гаштанд ба унвони Қаҳрамони ҷаҳон. Комёбиҳои эшон дар саҳфаи таърихи ин сол қавӣ сабт хоҳанд гашт.
Аммо буданд ҷавононе, ки дар ин Соли накӯ ба ҷойи ташаббускориву ободкорӣ даст задан, роҳи бадро “пеша” намуданд. Аз қабили нашъамандӣ, авбошӣ, дуздӣ ва террористӣ. Ва онҳое, ки шуур ва тинати паст дошта, бехабар аз илми дунявию муосир, одаму одамгарӣ ва моили фиреби душманони миллат буда… Дар забон ба ҷойи калимаи шаҳодат ҷангу низоъро нишонданд. Ва аз ватани аҷдодӣ танҳо бо як мақсади ғаразнок – дар мулки ғайру ҷангзада, ба мисли Сурияву Ироқу Афғонистон зидди мардуми осоишхоҳ ҷангидану зар ба даст овар
дан фирор намуданд. Наандешиданд, ки сари ҷангҷӯро ҷанг мехӯрад, ҷасадашро лошахӯрон. Ва номашон бо бадхоҳӣ мемонад дар ҷаҳон. Ва бехирадонро мебояд дар вақташ бар сарашон санг зад, то сар аз гиребони нопокашон бароварда натавонанд. Ё ба таъбири Биноӣ:
Даст бар пушти мор молидан,
Бетакуллуф на кори ҳушёр аст.
К – он бадахлоқи бемурувватро,
Санг бар сар задан сазовор ас т.
Дар фарҷом гуфтание дорем ба ҷавонони солимфикр: аз ҳамнишинӣ бо дунону (нокасон) бадгуҳарон бояд бипарҳезанд. Чунки гуфтаанд: “Ҳар кӣ бо дунон нишинад, ҳамчунон дунон шавад”…
А. ИКРОМӢ,
рӯзноманигор.