Аҳолӣ Хабарҳо

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ШАҲР ДАР ДЕҲАИ МУМИНОБОД

Деҳаи Муминобод дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ва беш аз 20 км аз маркази шаҳр ҷойгир буда, аз 37 хоҷагӣ иборат буда, сокинони деҳа беш аз 400 нафарро ташкил медиҳанд. Шуғли сокинон асосан чорводорӣ, боғдорӣ ва асалпарварӣ мебошад. Насли наврас дар МТУА №63 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Имрӯз ҷиҳати баррасии муроҷиати шаҳрвандон қабули раиси […]

Маориф

СОХТМОНИ БОЗ ЯК БИНОИ НАВИ ТАҲСИЛОТӢ

Бо мақсади татбиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи паём вобаста ба рушди маориф таъкид гардид, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, ҷалби соҳибкорон ва дастгирии кумитаи падару модарон дар заминаи МТМУ№4 шаҳри Турсунзода, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Пахтаобод сохтмони бинои нави таҳсилотӣ оғоз гардид. Имрӯз бо рафти корҳои […]

Тандурустӣ

ФАЪОЛИЯТИ ОЗМОИШГОҲИ ВИРУСШИНОСӢ – ТАЛАБИ ЗАМОН

Хурӯҷи бемориҳои сироятӣ дар солҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, сироятёбӣ бо барангезандагони ҳар гуна бемориҳо ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати муайянсозӣ ва саривақт муолиҷа намудани бемориҳои сироятӣ таъсиси озмоишгоҳҳои вирусшиносӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Акнун барои сокинони корафтодаи шаҳри Турсунзода ҷиҳати гузаронидани ташхисҳои […]

Тандурустӣ

БОЗДИД АЗ РАФТИ ТАЪМИР ДАР КӮМАКИ АВВАЛИЯИ ТИББИЮ САНИТАРӢ

Зимни ироаи паём аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Вобаста ба ин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ […]

Экология

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Дар шаҳри Турсунзода ба истиқболи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, собиқадорони соҳа, ва ғолибони озмунҳои экологи чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Муовини раиси шаҳр Пардаалӣ Турсунзода аз номи мақомоти иҷроияи ҳзокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҳозиринро ба ин муносибат табрик намуда, барои ҳамкориҳои судманд ҷиҳати татбиқи сиёсати экологӣ ва баланд […]

Тандурустӣ

МАҚСАД-БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ

Соҳаи тандурустӣ аз самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, дар шаҳри Турсунзода бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ як қатор корҳои судманд, аз қабили таъмиру тармими муассисаҳои соҳа, бунёди бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳоти дурдаст, вусъати ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар корҳои созанда дар ҷараён […]

Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ

НАМОЯНДАИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ – ЛУИЗА НОРА ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Имрӯз роҳбари “Лоиҳаи дастгирии ҷомеа CASSA 1000” Луиза Нора ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур бо раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам суҳбат оростанд.. Дар ҷараёни суҳбат таъкид гардид, ки Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ бо мақсади баланд бардоштани сифат ва тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои таъминоти нерӯи барқ, инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва […]

Таҷлил

ТАҶЛИЛИ ТАЪСИСЁБИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таъсис ёфта, барои пешгирии паҳншавӣ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои марбут ба ин вабои аср нақши муҳим дорад. Имрӯз ба муносибати иди касбии кормандони соҳа дар Шуъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода […]