Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ

НАМОЯНДАИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ – ЛУИЗА НОРА ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Имрӯз роҳбари “Лоиҳаи дастгирии ҷомеа CASSA 1000” Луиза Нора ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур бо раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам суҳбат оростанд..

Дар ҷараёни суҳбат таъкид гардид, ки Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ бо мақсади баланд бардоштани сифат ва тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои таъминоти нерӯи барқ, инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими иқтидори худидоракунии маҳаллӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои фарогири лоиҳа маблағгузорӣ мегардад.
Лоиҳа 65 деҳаро дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Левакант Хуросон, А.Ҷомӣ, Вахш, Кӯшониён, Ҷ. Балхӣ ва Ҷайҳун, Спитамен Исфара, ки ба хати интиқоли барқи CASA-1000 наздик мебошанд, фаро гирифта, дар доираи татбиқи Лоиҳа чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудааст:
– Сармоягузориҳо ба инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ зери идоракунии ҷомеа;
– Сафарбаркунии ҷомеа, таҳкими иқтидор ва худидоракунии маҳаллӣ;
– Идоракунии Лоиҳа, мониторинг, арзёбӣ ва коммуникатсия.
Инчунин таъкид шуд, ки дар дираи татбиқи Лоиҳа дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ, Сешанбе ва бв номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода 13 иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла бунёди синфхонаҳои иловагӣ, кӯдакистонҳо ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.
Раиси шаҳр Акрамзода П.А. иброз доштанд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тамоми уҳдадориҳои худро сари вақт амалӣ намуда, ҷиҳати идомаи корҳо дар татбиқи лоиҳа омода аст.
Айни замон афзалиятҳо аз ҷониби ҷамоаҳои фарогир муайян гардида, мутобиқатии онҳо бо назардошти субгрантҳо бо Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқа карда шудаанд, ки барои амалисозии онҳо ҷалби ташкилотҳои пудратӣ ва таъминкунанда тавассути комиссияҳои лоиҳавии ҷамоатҳои дахлдор сурат гирифтааст.
Қисми дуюми ташрифи роҳбарияти Лоиҳа ва ҳайати корӣ дар маҳал бо сокинони деҳаҳое, ки ба хати интиқоли барқи CASA-1000 наздик мебошанд, ҷараён гирифт.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *