Зеро бо ташаббуси мақомоти иҷроияи шаҳр ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода ташхисгоҳи вирусологӣ таъсис дода шуд, ки аз аввали соли ҷорӣ инҷониб фаъолият менамояд.




