Тандурустӣ

МАҚСАД-БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ

print
Соҳаи тандурустӣ аз самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, дар шаҳри Турсунзода бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ як қатор корҳои судманд, аз қабили таъмиру тармими муассисаҳои соҳа, бунёди бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳоти дурдаст, вусъати ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар корҳои созанда дар ҷараён аст. Ҷиҳати шиносоӣ бо корҳо сохтмонӣ муовини раиси шаҳр Бобоҷонзода Фахрия бо масъулини КАТС аз муассисаҳои соҳа, ки дар деҳоти дурдаст бунёд гардида истодаанд, дидан намуданд.
Ҳамчунин бо мақсади татбиқи лоиҳаву барномаҳои соҳа дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Агентии Ҷопон ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҶАЙКА (JICA) ҳамкориҳои муштарак идома доранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *