Сайёҳӣ

НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ДАР “БОҒИ СОМОН”

print
 дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-сарзамини обҳои шифобахш» ба кори худ шуруъ намуд. Форуми мазкур бо мақсади тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардида, дар кори он коршиносон ва мутахассисони соҳаи об, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
 Иштирокчиёни Форум ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, аз токзори ХД “Боғи Сомон” дидан намуданд.
Баъд аз пазироии самимӣ дар токзор навъҳои гуногуни ангурҳои шаҳдбори шаҳр ба меҳмонон муаррифӣ гардид. Меҳмонон зимни тамошо ва ширин намудани коми худ аз ангури болаззат иброз доштанд, ки барои ҳар як сайёҳ дидани чунин манзараи дилрабои боғ ва чашидани ангури шаҳдбор хушоянд аст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *