Имрӯз дар гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Нуқтаи мазкур дар ҳамкории шуъбачаи милитсияи сайёҳии шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати мобилии Тсell мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар тантанаи ифтитоҳи нуқта намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, сардори шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума, намояндагони Ширкати мобилии Тсell ширкат варзиданд.
Дар рӯзи аввали ба кор шуруъ намудани иншоот 20 нафар сайёҳон аз Британияи Кабир тариқи гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода ба Тоҷикистон ворид шуда, аз хизматрасонии нуқта баҳаравар гардиданд. Ба сайёҳон дафтарчаи ёддошт “Салом, Тоҷикистон”, SIM-корти телефони мобилии Ширкати мобилии Тсell, варақаи иттилоотии милитсияи сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,туҳфа гардид
Сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума Зимни суҳбат иброз дошт, ки лоиҳаи мазкур ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат амалӣ гардида, ба рушди сайёҳӣ ва дастрасӣ доштани сайёҳон ба хизмати мобилӣ ва интернет,таъмини амнияти онҳо, ва ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат арзёбӣ мегардад.
Намояндаи Ширкати мобилии Тсell иброз дошт, ки сиёсати созандаи Президенти мамлакатро доир ба эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар амал татбиќ намуда, ба ҳар як сайёҳе, ки ба Тоҷикистон сафар мекунад, барои 10 рӯз SIM-корти сайёҳии ройгонро тақдим менамояд. SIM-кортҳо дар нуқтаҳои наздисарҳадӣ, шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ва дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ба сайёњон пешниҳод мегардад. Боиси қайд аст, ки барои 10 рӯз дар тавозуни ҳар як корт барои зангҳои телефонӣ 100 дақиқа вақт ва барои истифодаи интернет 100 мегабайт ҷудо гардидааст. Давоми сайёҳат ба меҳмонон вобаста ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳолатҳои ногувор, офатҳои табиӣ дар кишвар тариқи СМС хабар ирсол мегардад. Ҳангоми зарурат бошад, сайёҳон метавонанд ройгон ба телефони милитсияи сайёҳӣ занг зада, маълумоти заруриро дастрас намоянд, таъкид дошт, намояндаи Ширкат.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР