Хабарҳо

ОМОДАГӢ БА ДАВРАИ СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ

print
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ ва иштироки намояндагони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, Маркази ташхиси минтақавии Тоҷикстандарт, Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Турсунзода ва хоҷагидорони деҳоти мазкур машварат доир ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, ангур ба хориҷи кишвар баргузор шуд.
Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ иброз дошт, ки тибқи маълумоти кишоварзон ҳосили ангури хушсифат дар токзори шаҳр нисбат ба солҳои қаблӣ соли ҷорӣ зиёд буда, масъалаи муҳим содироти ангур ба хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад. Барои содироти ангур барасмиятдарории гумрукӣ, ҳуҷҷати сифат ва бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ, шаҳодатномаи мутобиқати стандартӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
-Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади дастгирӣ ва сарфа намудани вақти кишоварзон дар самти содироти ангур дар назди Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов аз ҳисоби мутахассисони соҳаи гумрук, Тоҷикстандарт ва дигар мақомоти дахлдор дафтари кориро таъсис медиҳад. Дар ин замина аз ҷониби мутахассисон омода кардани ҳуҷҷатҳо ва декларатсияи маҳсулот дар маҳал иҷро гардида, ҳамлу нақл ва барасмиятдарории гумрукии маҳсулот осонтару дастрас амалӣ гардида, маҳсулот аз маҳали истеҳсол ба содирот равона мегардад, – иброз дошт Собирзода Ғ.М.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода омода аст ҷиҳати саривақт ба содирот баровардани маҳсулоти кишоварзӣ ва барасмиятдарории он кишоварзонро дастгирӣ намуда, дар ин самт ҳамкорӣ намояд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *