Кишоварзӣ

САФАРИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ЗИЁЗОДА СУЛАЙМОН РИЗОӢ БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print
  • Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ҷараёни кишти такрорӣ ва иҷрои корҳои созанда муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва Президенти Академияи кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом доданд.
Меҳмононро раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам роҳбаладӣ ва бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос намуданд.
Гурӯҳи корӣ дар ибтидо бо вазъи кишти такрорӣ, хусусан кишти шолӣ шинос шуданд. Раиси шаҳр изҳор доштанд, ки кишоварзони шаҳр соли ҷорӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 4500 гектар кишти шолиро ба нақша гирифта, ба ҳолати 1 июл нақшаро барзиёд, яъне дар майдони 4503 га иҷро намуданд.
Дар рафти шиносоӣ аз рафти ҷамъоварии ҳосил, вазъи боғдорӣ ва дигар самтҳои соҳа ба мувини Сарвазири мамлакат маълумоти мукаммал дода шуд.
Дар идома меҳмонон аз рафти корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди сардхонаҳо шинос шуданд. Таъкид гардид, ки бо мақсади нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи зимистон, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тоза ва танзими нарх дар шаҳр 55 сардхона бо ғунҷоиши 11542 тонна маҳсулот мавҷуд аст. Ҳоло дар шаҳр ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода аз 26 августи соли 2021 бармеоянд, сохтмони боз 5 сардхонаи нав бо ғунҷоиши 2 500 тонна маҳсулот идома дорад.
Зимни боздид аз ХД “Боғи Сомон” муовини Сарвазири мамлакат аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави таълимӣ дар заминаи МТМУ№92, ки аз ҳисоби даромади хоҷагӣ бунёд гардида истодааст, дидан намуданд.
Инчунин Зиёзода С.Р. бо рафти сохтмони пули автомобилгард, ки аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохта шуда истодааст, шинос шуданд.
Ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, истифодаи босамари замин ва саҳмгузорӣ барои расидан ба амнияти озуқворӣ аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат як қатор супоришҳои мушаххас дода шуд.
и

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *