Сиёсат Фарҳанг Хабарҳо

НАШРИ МУШТАРАКИ «ДИЁРИ ТУРСУНЗОДА» ВА «САРИОСИЁ»

Дар доираи сиёсати дӯстонаю бародаронаи ду ҷумҳурии ҳамҷавор – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нашри муштараки ҳафтаномаҳои “Диёри Турсунзода” – и шаҳри Турсунзода ва “Сариосиё”-и ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз чоп баромад. Боиси зикр аст, ки ин аввалин шумораест, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи ҳамкории муштараки аҳли эҷоди ҳар ду нашрия рӯи чоп омад. Дар нашрияи […]

Кишоварзӣ Хабарҳо

НАҚШАИ КИШТИ ШОЛӢ БАРЗИЁД ИҶРО ШУД – ХАСТА НАБОШЕД, КИШОВАРЗОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА!

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва гирифтани 2-3 ҳосил, инчунин иҷрои таъмини амнияти озуқаворӣ соли ҷорӣ кишоварзони шаҳри Турсунзода кишти асосию такрориии шолиро 4500 гектар ба нақша гирифта, ба ҳолати 1-июли соли 2022 аз уҳдадории худ сарбаландона баромада, майдони кишти шолиро ба 4503 гектар расониданд. Тибқи маълумоти […]

Кишоварзӣ

САФАРИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ЗИЁЗОДА СУЛАЙМОН РИЗОӢ БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ҷараёни кишти такрорӣ ва иҷрои корҳои созанда муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва Президенти Академияи кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом доданд. Меҳмононро раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам роҳбаладӣ ва бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос намуданд. Гурӯҳи корӣ дар […]

Сайёҳӣ

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ САЙЁҲӢ ВА ХАБАРНИГОРОНИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

Дар доираи сафар ба Тоҷикистон ва боздид аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ, ки то 2 июли соли ҷорӣ идома меёбад, намояндагони Агентии иттилоотии сайёҳӣ ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Меҳмонон аз ҷониби муовинони раиси шаҳр Бобоҷонзода Фахрия ва Эҳсонзода Мусулмон Қобил пазироӣ гардида, дар ибтидо шинсоӣ бо […]

Изҳороти расмӣ Фаъолияти намояндагон

МУРОҶИАТНОМАИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Сокинони меҳнатдӯст  ва шарафманди шаҳри Турсунзода! Рӯзи 18 июни соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон машварати корӣ доир гардида, дар он  раванди корҳои созандагиву ободкорӣ дар мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон муҳтарам Пешвои миллат вазъ ва буҳрони сиёсии ҷаҳони имрӯза, […]

Фарҳанг

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ФАРҲАНГ ДАР ДЕҲАИ ЧИРТАК

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Чиртаки Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиишаҳр, ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳр, инчунин бо дастгирии сокинони ватанпарвари деҳаи Чиртак толори фарҳангӣ дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.              […]

Фаъолияти намояндагон

Имрӯз дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум) баргузор гардид. Дар кори иҷлосия муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳоти шаҳр, […]

Хабарҳо

ИФТИТОҲИ МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР МАРКАЗИ ШАҲР

Бо ташаббуси мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизи дар маркази шаҳр 2 маркази хизматрасонӣ ва савдо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар тантанаи ифтитоҳи иншооти мазкур муовини якуми раиси шаҳр Остоназода Сайдамин Ҳазрат ширкат варзид. Тибқи маълумоти масъулин дар марказҳо ошхона, мағозаи либосворӣ, нуқтаи […]

Хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ ДАР МАҲАЛЛАИ 9

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 9-уми шаҳри Турсунзода бинои баландошёнаи бисёрҳуҷрадор бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр Остоназода Сайдамин Ҳазрат мавриди истифода қарор дода шуд. Тибқи маълумоти соҳибкор Холназаров Саидҷаъфар лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Устувор” омода гардида, бинои истиқоматӣ бо ҷалби беш […]

Хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ ДАР МАҲАЛЛАИ 1

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 1-уми шаҳри Турсунзода бинои баландошёнаи бисёрҳуҷрадор бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр Остоназода Сайдамин Ҳазрат ба истифода дода шуд. Бинои истиқоматӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии ҶДММ “Алӣ сохтмон” сохта шуда, дорои 1 ва 2 буда, хати партовпартоӣ насб […]