Сиёсат

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

print

Санаи 18 декабри соли равон дар маркази фарҳангии деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Наво­бод вохӯрии раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода   Сиҷоуддин Саломзода бо интихобкунандаго­ни ҳавзаи интихоботии №10 (сокинони деҳаҳои Истиқлол-1, Истиқлол-2, Темурмалик ва деҳаи дурдасти Шулум) баргу­зор шуд.

Саломзода Сиҷоуддин му­лоқотро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи вохӯрӣ шинос карда, доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода дар соли 2017 сухан кард. Қайд намуд, ки соли равон новобаста аз мушкилоти иҷрои нақшаи буҷет дар шаҳр корҳои созандаву бунёдкорӣ ба вуқуъ пайваста, як қатор иншо­оти муҳими хоҷагии халқ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

 

Ташрифи муҳтарам Пешвои миллат дар тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ мардуми шаҳр­ро руҳу илҳоми тоза бахшида, ба корҳои созанда, бунёдкориву ободонӣ ва сабзу хуррамгардо­нии муҳити зист ҳидоят наму­да, аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳудуди шаҳр 15,9 км роҳҳои автомобилгард таъ­мири мукаммал ва 57 км таъми­ри ҷорӣ карда шуд.

Соҳибкорони маҳаллӣ, мар­думи сарбаланди шаҳр дар корҳои созандагиву бунёдкориҳо иштироки фаъолона карда, соли равон 26 иншооти гуногун ба ма­блағи 5,5 млн. сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуда, сохт­мони 36 иншооти таъиноташон гуногун идома доранд. Дар ин радиф метавон 3 бинои балан­дошёнаи истиқоматӣ, бинои Ку­митаи иҷроияи ҲХДТ, Комплекси ширию молии “Агросаноат”, би­нои Муассисаи таълимии № 33, боғчаи кӯдаконаи “Наврӯз” ва як қатор иншооти дигарро номбар намуд, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр мусоидат наму­да, ба симои шаҳр ҳусни тоза зам намудаанд.

Вобаста ба дастовардҳои сол сухан карда, ҳамзамон С.Салом­зода таъкид дошт, ки муассисаи манзилию коммуналии шаҳр ба­рои саҳми муносиб дар корҳои ободонию кабудизоркунии кӯча­ву гулгашти ҳудуди вобасташу­даи шаҳри Душанбе дар Озмуни ҷумҳуриявии корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва сохтмони май­дончаҳои варзишӣ ба муноси­бати 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаи якум ва Дипломи дараҷаи якумро сазовор гардид.

Дар идомаи вохӯрӣ раиси шаҳр доир ба масъалаи иҷрои та­лаботи Қонунҳо «Дар бораи тан­зими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Дар бо­раи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ карда, интихобкунандагонро ба иҷрои ҳатмии қонунҳо даъват намуд.

Ҳамзамон раиси шаҳр во­баста ба пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба гуруҳҳои ифрот­гаро ва экстремистӣ сухан кар­да, онҳоро ба омӯзиши касбу ҳунар, донишандӯзӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар даъват намуд.

Дар идома суҳбати озоду ошкоро ва мубодилаи афкор миёни ҳозирин сурат гиирифт. Интихобкунандагон бо шукргу­зорӣ иброз доштанд, ки дар дав­лати озоду обод ва тинҷу ором таҳти роҳбарии Пешвои миллат зиндагии осоишта ба сар меба­ранд. Сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат ва ташаббусҳои мақомоти иҷрои­яи ҳокимияти давлатии шаҳрро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дастаҷамъона ба ободии Ватан кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Котиби матбуоти раиси шаҳр.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *