Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат Фарҳанг Хабарҳо

Муроҷиатномаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф ба сокинони шаҳри Турсунзода

print

Ҳамдиёрони азиз!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа менамоянд, ки ин санади муҳим барои ҳар як шаҳрванд роҳнамои зиндагониву фаъолият буда, дар амал татбиқ намудани он омили пешрафти самтҳои мухталифи ҷомеа  арзёбӣ мегардад. 

Ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, рушди иқтисоди миллӣ, тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, зиёд кардани маоши кормандони соҳаи буҷетӣ, пешниҳоди имтиёзҳо барои рушди соҳибкорӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, рушди соҳаи дорусозӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа аз муҳимтарин нуктаҳое буданд, ки дар Паёми имсола баён гардиданд.

Мардуми сарбаланди шаҳри Турсунзода!

Диёри мо ба номи яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ки каломи муассиру ҷозибадори ӯ дар ақсои олам аз минбарҳои баланд садо дода, дар байни оламиён маҳбубияти хоса касб кардааст, яъне Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудааст. Дар ин радиф шаҳри мо дарвозаи ғарбии мамлакат арзёбӣ гардида, ҳар як меҳмон аз одобу муошират ва фарҳанги шаҳрдории мо ба Тоҷикистони азиз баҳогузорӣ менамояд.  Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо  вазифадорем, ки дар замири худ ва насли наврас муҳаббат ба Ватан, дӯстиву бародарӣ, озодиву истиқлолият ва қадри сулҳу оромиро ҷо намуда, вассофи осоишу суботи Ватан бошем. Бо пайравӣ ба кору пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат меҳнати софдилона намуда, ин гӯшаи зебои Ватанро сабзу хуррам ва шаҳри худро ба яке аз шаҳрҳои пешрафта табдил диҳем.  Маҳз, саъю талоши пайгирона ва заҳмати бунёдкорона метавонад, пешравии иҷтимоиву иқтисодии шаҳрамонро таъмин намояд. Барои расидан ба ин мақсадҳои нек моро мебояд рушди  минбаъдаи шаҳр ва инкишофи ифрасохтори онро таъмин намуда, ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва хуррамгардонии шаҳр камари ҳиммат бандем.

Ҳамдиёрони азиз!

Бозор оинаи шаҳр маҳсуб ёфта, тариқи он фарҳанги шаҳрдорӣ, сатҳи иқтисодиву иҷтимоӣ ва одобу муоширати шаҳрвандон баён мегардад. Аз ин хотир, маърифати шаҳрдорӣ соҳибкорону дӯкондоронро тақозо менамояд, ки ҷиҳати ободу зебо, тозаву озода нигоҳ доштани бозору дӯкон, марказҳои савдо ва мавзеъҳои вобасташуда кӯшиш ба харҷ дода, талаботи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро таъмин намоянд.

 

Оини шаҳрдорӣ тақозо менамояд, ки он мутобиқ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ буда, сохтмони иншооти худсарона ва симтурҳои иҳотавӣ дар атрофи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҳусни шаҳрро коста мегардонанд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд муҳити зистро ҳамеша обод нигоҳ дошта, меъёрҳои меъморӣ, инфрасохтори коммуналӣ ва дигар талаботи муосири шаҳрсозиву шаҳрдориро риоя намуда, корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшем.

Мақсаду мароми мо баланд бардоштани некӯаҳволии сокинони шаҳр, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини бехатарии сокинону меҳмонон дар роҳҳои нақлиётгард буда, бо ин мақсад хатсайрҳои дохилӣ ва беруназшаҳрӣ вобаста ба самти ҳаракат ба хатсайрҳо бароварда шуд. Дар ин радиф, аз масъулини хатсайрҳо хоҳиш менамоем, ки дар доираи хатсайрҳои муайян бо риояи талаботи бехатарии роҳ ба аҳолӣ ва меҳмонон хизматрасониро бо маърифати баланд роҳандозӣ намоянд.

 

Тозаву озода, гулпӯшу ҳамешасабз нигоҳ доштани роҳу пайроҳа, гулгаштҳо, боғу варзишгоҳҳо барои ҳар яки мо қарзи шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, баёнгари фарҳанг ва масъулияти баланди шаҳрдорӣ мебошад.

Ҳамдиёрони азиз!

Итминони комил дорем, ки мардуми бонангу номус ва бомаърифати шаҳри Турсунзода ба масъалаи рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, бунёди роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳанд. Муҳтарам Пешвои миллат ватандпарвариву меҳнатдӯстии сокинони шаҳри Турсунзодаро баҳои арзанда дода фармудаанд:   “Итминон дорам, ки мардуми бонангу номуси Турсунзода ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ободии сарзамини аҷдодӣ ва тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоламон саъю талош меварзанд”.

Боварии комил дорем, ки мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода боварии муҳтарам Пешвои миллатро сазовор гардида, дастуру супоришҳои Сарвари давлатро содиқона дар амал татбиқ намуда, ҷашнҳои милливу давлатӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таҷлили арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо нерӯи созанда истиқбол мегиранд.

 

Ҳамаи Шумо, сокинони сарбаланди шаҳри Турсунзодаро ба созандагиву ободонии шаҳри азизамон даъват ва дар иҷрои амалҳои неку бунёдкорона бароятон барору комёбиҳо орзу намуда, итминон дорем, ки ҷиҳати шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми мкуносиби худро мегузоред.

Хонаободу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *