Хабарҳо

МАРДИ НАКӮНОМ НАМИРАД ҲАРГИЗ

print

Субҳи 4 октябри соли 2019 деҳқони ботаҷриба ва ангурпарвари маъруфи Тоҷикистон Ҳоҷӣ Камол МАДУМАРОВ дар синни 80 солагӣ аз олам даргузашт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо писари калонии марҳум Камол Мадумаров телефонӣ дар тамос шуда, бо изҳори ҳамдардии амиқ ба а ҳли хонадони шодравон ва наздикону пайвандон аз даргоҳи Худовнди муттаъол сабри ҷамил хостанд.

Камол Мадумаров 10 феврали соли 1940 дида ба олами ҳастӣ кушода, аз овони хурдӣ нисбат ба замин ва бунёди боғ муҳаббати беандоза дошт. Аҳли хонаводаи Камол Мадумаров бо назардошти мувофиқи иқлим будани парвариши ангур ва даромаднокии он то соли 1989 дар миқёси замини назди ҳавлигии хеш ангурпарварӣ мекарданд. Баъди соли 1989 панҷ гектар замин ба иҷора гирифта, оҳиста – оҳиста масо ҳати боғи ангурро зиёд мекунанд. Соли 2008 бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии де ҳқонии онҳо – «Боғи Сомон», 500 гектар замин ҷудо карда шуд. Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ба парвариши навъ ҳои гуногуни ангур таваҷҷуҳи махсус зоҳир гашта, бештар ангури «Ҳусайнии сафед» парвариш карда мешавад, ки зиёда аз 70%-и масоҳати умумии токзорро ташкил медиҳад. Инчунин онҳо навъҳои «Чиллагӣ», «Шоҳона», «Ангушти хонум», «Ғалаба» ва ғайраҳоро парвариш мекунанд.

Дар хоҷагии де ҳқонии «Боғи Сомон», ки бо ташаббус ва за ҳмати софдилонаи де ҳқони асил Камол Мадумаров ташкил шудааст, зиёда аз 1100 нафар саҳмдорон фаъолият мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки Камол Мадумаровро на тан ҳо сокинони ша ҳри Турсунзода, балки тамоми ҷум ҳурӣ чун Ҳоҷӣ Камол, де ҳқони номдор ва ангурпарвари маъруф мешиносанд. Ме ҳру му ҳаббате, ки вай нисбат ба замин, ба ҳар зарра хоки ганҷбор дорад, ӯро ба сат ҳи хеле баланд, яъне ба мартабаи де ҳқони асил, ангурпарвари номӣ, пири кор расондааст. Суҳбатҳои гарму самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ангурпарвари номдор на як бору ду бор ба вуқӯъ пайвастаанд. За ҳматҳои шабонарӯзиаш, дилу нияти некаш, боғдорию боғпарвариаш ӯро соҳибобрӯ ва со ҳибэҳтиром кардаанд.

Саҳми ин марди соҳиб ҳунар ва инсони накӯ дар кор ҳои созандагию бунёдкорӣ ва хайру сахо низ назаррас аст.

 Ҳоҷӣ Камол Мадумаров дар ша ҳри Турсунзода мактаби асосии рақами 92-ро аз ҳисоби даромади дастранҷи боғпарварии хеш бунёд кард, ки имрӯз садҳо толибилм дар ин макони маърифат дониш меомӯзанд. Ҳамзамон, пайваста барои Фонди рушди деҳот, Фонди хайриявии ҷумҳурӣ ва дигар кор ҳои хайр кумаки молиявӣ расонида, дар таъмиру навсозии роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ низ саҳм гузоштааст.

Сокинони деҳаи Бобониёз Тошев, ки солҳои зиёд ба оби тозаи ошомиданӣ ниёз доштанд, бо ташаббуси Ҳоҷӣ Камол аз ҳисоби маблағ ҳои софи хоҷагӣ бо маблағи 20 ҳазор доллари ИМА чоҳ канда, бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда шуданд. Ғайр аз ин, бинои як боғчаи вайрона ва аз кор мондаро харида, ба сарбозони Вазорати мудофиаи мамлакат туҳфа намуд.

Бо назардошти ташкили боғоти намунавии ангур ва парвариши навъ ҳои беҳтарини он меҳмонони сатҳи олӣ ва ҳайатҳои расмии хориҷӣ зимни ташриф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз токзори хоҷагии де ҳқонии Ҳоҷӣ Камол дидан мекунанд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз боғҳои ангури хоҷагии де ҳқонии «Боғи Сомон» дидан намуда, ба ин хоҷагӣ мошини сабукрав тақдим намуд.

Саъдии бузургвор дуруст фармуда, ки «марди накуном намирад ҳаргиз». Албатта, соҳибҳунарӣ, инсондӯстӣ, накӯкорӣ ва рафтори намунавии Ҳоҷӣ Камол номи ӯро ба накӯӣ ҷовидона хоҳад дошт.

АМИТ «Ховар».

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *