Сиёсат

НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ ЯКУМ

print

  Таърихи 16 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф доир ба ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2018 маҷлиси васеъ баргузор шуд. Дар кори он муовинони соҳавӣ, роҳбарони бахшу сохтори мақомоти иҷроия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти корхонаву ташкилот, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ, имомхатибон ва намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ иштирок намуданд.

Дар ибтидо муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи иқтисод Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар семоҳаи якуми соли 2018 мавриди баррасӣ қарор дод.

       Аз ҷумла таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар семоҳаи якуми соли 2018 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳр кӯшиш ба харҷ дод.

   Дар ин давра оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон 296 қарор ва 43 амрҳои раиси шаҳр ба тасвиб  расонида шуданд.

  Таъкид гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,6 фоиз зиёд шуда, ба афзоиши қисми даромади буҷет замина гузошт.

Қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,1 фоиз иҷро гардида, нақшаи қисми даромади буҷетро нозироти андоз – 101,4 фоиз,  нозироти андозсупорандагони азим ва буҷети маҳаллӣ  пурра иҷро гардид.

 Ҳамзамон гардиши савдои хориҷӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ таҳлил гардида, қайд шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмуъ гардиши савдои хориҷӣ 36,1 млн. доллар зиёд буда, воридот ба маблағи 28,1 млн. доллар ва содирот ба маблағи 8,0 млн. доллар зиёд гардид.

Дар ин давра аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҳисоби пули миллӣ 177 млн. сомонӣ маблағҳо интиқол гардида, нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 71,3 млн. сомонӣ  зиёд мебошад. 

Дар ин зимн фаъолияти соҳаи саноат, сохтмон, энергетика на нақлиётро мавриди тавзеҳ қарор дода, Собирзода Ғ. илова намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 4,1% зиёд аст.

Дар шаҳр корҳои созандагӣ идома ёфта, бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар се моҳи соли 2018  як қатор нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ ва бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи сеюми шаҳр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Кишоварзони шаҳр дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи 20,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 198,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади гузаронидани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди шаҳр соли равон шинонидани 34120 бех ниҳолҳои дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда ба нақша гирифта шуда, 25191 бех ниҳолҳо шинонида шуд.

Ҳамчунин фаъолияти ташкилоту муассисаҳои соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифта шуд. Таъид гардид, ки соҳаи дар самти татбиқи барномаҳои давлатӣ, ки ба пешгирии зуроварӣ дар оила, ҷинояту ҷинояткорӣ, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, тарбияи насли наврас, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди иҷтимоии ҷавонон, туризм ва соҳаи тандурустӣ равона шудаанд, нақшаи чорабиниҳоро ба тасвиб расонида, бо мақсади амалӣ гардонидани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешид.

Баъдан вобаста ба масъалаи рӯзнома музокирот ва мубодилаи афкор сурат гирифта, Абдуқодир Вализода ҷиҳати беҳтар намудани некўаҳволии сокинон ва бартараф намудани камбудиҳо масъулинро вазифадор намуд. Хусусан таъкид гардид, ки дар самти иҷрои пурраи қисми даромади буҷет, бартараф намудани қарздории музди меҳнат, ба тартиб даровардани фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ, ба анҷом расонидани бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва заминҳои наздиҳавлигӣ, пурсиши сартосарии аҳолии қобили меҳнат, саривақт ҷамъоварӣ гардидани маблағи истифодаи нерўи барқ об ва хизматрасониҳои коммуналӣ мароқи ҷиддӣ зоҳир гардад.

 МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *