Наврӯзи байналмилалиро сокинони деҳаи Саъдии Шерозӣ ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо дастовези наврӯзӣ пешвоз гирифтанд. Дар деҳаи Саъдии Шерозӣ бо дастгирии соҳибкорон ва саховатпешагони ҷамоати деҳот бо харҷи беш аз 102 ҳазор сомонӣ ва меҳнати дастаҷамъонаи сокинони деҳа маркази саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Маркази мазкур аз ҷониби ташкилоти ғайридавлатии Лоиҳаи “Наҷоти […]
Иҷтимоиёт
ГУСЕЛИ ҲОКИМИ ВИЛОЯТИ СУРХАНДАРЁ
Ҳокими Вилояти Сурхандарё Эркинҷон Турдимов баъд аз иштирок дар сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон тариқи гузаргоҳ и сарҳадии байналмилалии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода ба Вилояти Сурхандарё баргашт. Дар гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” ҳайати кории вилояти Сурхандарёро иҷрокунандаи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода, раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло Аюбзода ва раиси шаҳри Ҳисор Ҷумазода Шарифҷон […]
САФАРИ ҲОКИМИ ВИЛОЯТИ СУРХАНДАРЁ Э. ТУРДИМОВ БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки санаи 9-10 марти соли равон баргузор шуд, тариқи гузаргоҳи сарҳадии байналмилалии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода ҳокими Вилояти Сурхандарё Эркин Турдимов ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Меҳмони гиромӣ ва ҳайати ҳамроҳонашро дар гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф, […]
Табрикоти и.в. раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф бахшида ба Рӯзи матбуот
Муҳтарам намояндагони матбуоти шаҳр! Имрӯз дар Ватани азизи мо боз як иди фархунда-Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Матбуоти тоҷик таърихи 106 сола дошта, нахустин рӯзнома бо забони форсии тоҷикӣ 11 марти соли 1912 дар шаҳри Бухоро бо номи «Бухорои шариф» аз чоп баромада, таърихи пурифтихори матбуоти тоҷикро ҳусни оғоз бахшид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар […]
ТАБРИКОТИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ВАЛИЗОДА АБДУҚОДИРИ ИСУФ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР
Модарон ва хоҳарони азиз! Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавқати беканор, нури ҳар як хонадон, пайвандгари наслҳо ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир аҳли башар ба модар ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Дар Тоҷикистони биҳиштосо низ ҷашни фархундаи «Рӯзи […]
ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР САРҲАД
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият ва баргузории корҳои ободонӣ аз терминали байналмилалии “Дўстӣ”, ниҳодҳои қудратӣ ва назоратии наздисарҳадӣ, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор доранд, дидан намуд. Зимни боздид ба масъулину кормандони терминал ва дигар идораву ташкилоти наздисарҳадӣ таъкид гардид, ки хизматрасониро […]
ҲАМОИШИ ЁВАРОНИ ҶАВОНИ МИЛИТСИЯ
Санаи 2 марти соли равон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гурӯҳи «Авангард»- и назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Ба ин муосибат дар кохи «Дӯстӣ» таҳти раёсати и.в. Раиси шаҳр муҳтарам Абдуқодир Вализода, иштироки гурӯҳи «Авангард» ва ҷавонони фаъоли шаҳр ҳамоиши […]
Тоҷикистон – маҳди тамаддун, намод аз сулҳ, субот ва тавсеа дар минтақа (Сафаргуфтаҳои равшанфикри афғонистонӣ Мақола тавассути муҳандис Эҳсонулло Ҳомӣ, шаҳрванди Афғонистон аз натиҷаи сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нигошта шудааст.
Навиштаи мазкур натиҷаи сафари чандрӯзаи камина ба кишвари дӯст ва ҳамсояи некамон – Тоҷикистон мебошад, ки барои хонандагони азиз ҷиҳати шинохти бештар аз ин ҳамсоякишвар муфид аст. Кишвари Тоҷикистон бо он, ки мисли кишварҳои дигар, таъми талхи рӯзгорро дар бистари такомули таърихии худ чашида, аммо бо он ҳам мардумони ин сарзамин бо дароят ва […]
ТОЗАКОРӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Санаи 24-25 феврали соли равон дар шаҳри Турсунзода ҳашари умумишаҳрӣ баргузор шуд, ки дар рафти он беш аз 5 ҳазор нафар кормандони ташкилот, корхона, ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳо, донишҷӯён ва кормандони муассисаҳои таълимиву тиббии шаҳр иштирок намуданд. Аз ҷониби сокинони шаҳр дар ҳудуди хати санитарии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», шоҳроҳ, кӯчаву қитъаҳои […]
КОРҲОИ ОБОДОНӢ ИДОМА ДОРАД
Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани гулу буттаҳо, шанбегиву ҳашарҳои дастаҷамъона дар қаламрави шаҳри Турсунзода муташаккилона идома доранд. Ҳамешагӣ тамоми намояндагони корхонаву ташкилот ва хоҷагиву ҷамоатҳо ба ҳашари дастаҷамъона мебароянд. Тоза кардани ҳар гуна партовҳо, нарм кардани бехи дарахтон, буридани шоху панҷаҳои зиёдатии дарахтон, насби шиору овезаҳо аз ҷумлаи корҳои иҷрошуда мебошанд. Чунин корҳои ободониву созандагӣ дар […]