Иҷтимоиёт

Табрикоти и.в. раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф бахшида ба Рӯзи матбуот

print

Муҳтарам намояндагони матбуоти шаҳр!
Имрӯз дар Ватани азизи мо боз як иди фархунда-Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. 
Матбуоти тоҷик таърихи 106 сола дошта, нахустин рӯзнома бо забони форсии тоҷикӣ 11 марти соли 1912 дар шаҳри Бухоро бо номи «Бухорои шариф» аз чоп баромада, таърихи пурифтихори матбуоти тоҷикро ҳусни оғоз бахшид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 11 март ҳамчун «Рӯзи матбуоти тоҷик» эълон гардида, ҳамасола дар кишвар ҳамчун иди касбӣ ҷашн гирифта мешавад.
Муҳтарам Пешвои миллат, дар робита ба мақоми васоити ахбори омма хеле бамаврид таъкид намудаанд:
«Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».
Маҳз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз беш аз 400 номгӯи маҷаллаву рӯзномаҳо нашр гардида, телевизиону радио ва сомонаҳои интернетӣ фаъолияти пурсамар доранд, ки сокинон саривақт бо рӯйдодҳои муҳими ҷомеа шинос мегарданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо намояндагони матбуот ҳамкории самаранок дошта, барои пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳамеша аз минбари воситаҳои ахбори омма истифода менамояд. 
Бояд зикр намуд, ки матбуоти маҳаллии шаҳри Турсунзода таърихи беш аз 80 сола дошта, рушду нумуи он бештар ба давраи сохибистиқлолӣ рост меояд. Агар дар даврони Шӯравӣ дар шаҳр як газета ва радиои маҳаллӣ фаъолият мекард, пас дар даврони соҳибистиколӣ се нашрия – «Диёри Турсунзода, «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», 2 маҷалла «Нури маърифат», «Тибби Бӯалӣ», телевизиони маҳаллии «Регар», радиои маҳаллии «Садои Осиё» ва радиои КВД «Ширкати алюминийи Тоҷик» фазои иттилооти шаҳрро пурра менамоянд.
Тӯли солҳои зиёд мактаби матбуоти шаҳри Турсунзода қаламкашони барҷаста, шахсиятҳои арзанда ва устодони ҳақиқии соҳаро тарбия намудааст. Хӯҷааҳмад Хидиралиев яке аз муҳаррирони ҳафтаномаи «Диёри Турсунзода» мебошад, ки дар таҳкими сулҳу ваҳдати Тоҷикистон талош варзида, ба ҳайси муовини Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. 
Дар пеш бурдани матбуоти шаҳр саҳми Улуғназар Ахмедов, Усаралӣ Нишонов, Тӯйчӣ Ханҷаров, Шамсиддин Хоҷиматов, Абдумурод Бӯриев, Сафаралӣ Мансуров, Абдурауф Муминов, Норқул Рабиев арзанда ва шоиста таҳсин мебошад. Имрӯз шогирдон ва устодони мактаби матбуоти шаҳр дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона эҷод мекунанд.
Имрӯзҳо мақолаҳои Наҷмсиддин Шоҳинбодов (сармуҳаррири ҳафтаномаи «Алюинийи Тоҷикичтон»), Ҳотам Рабиев, Акрам Икромов, Файзалӣ Холов, Абдуқаҳҳор Қосимов, Фирӯз Холиқов, Ҳамроқул Ҷӯраев Саида Умарқулова, Камолиддин Бобоев, Сайфиддин Қараев, Ҳабибулло Мақбулов, Абдуҳофиз Мирзоахмедов, Ёқубҷон Абдуманонзода, Эркин Шукур ва дигарон дар нашрияҳои ҷумҳуривию чоп гардида, дар инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва пешравиҳои рӯзгори мардум саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Муҳтарам аҳли эҷод!
Ваҳдати миллӣ, сулҳу амният ва оромиву суботи ҷомеа ганҷи бебаҳо буда, рӯзноманигоронро зарур аст, ки вобаста ба таҳаввулоти замони муосир, тарғиби сулҳу субот ва оромиву осоиши кишвари маҳбубамонро бештар ба роҳ монда, ба хотири таъмини амният ва ҳифзи ин сарзамини муқаддас аз тамоми нерӯ ва қобилияти эҷодии худ истифода намоянд. Вазифаи ҳар як соҳибқалам он аст, ки минбари суханро барои ҳифзисарзамини муқаддас, амнияти давлат, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ истифода намояд ва ба халқу миллати худ содиқонаву беғараз хизмат карда, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мардуми шарифи кишвар ҳаргиз бетараф набошад. 
Бо ин ниятҳои нек тамоми аҳли эҷод, кормандони матбуоти шаҳрро табрик гуфта, қалами тез, забони бурро, саломативу саодати рӯзгор ва парвози баланди илҳоми эҷодиро таманно дорем. 
Саломату сарбаланд бошед!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *