Аҳолӣ Аҳолӣ Иҷтимоиёт ПАЁМИ ТАБРИКӢ ВА СУХАНРОНИҲОИ РАИСИ ШАҲР Сиёсат Фарҳанг Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

print
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо онро ҳар сол ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва гиромидошти забони ширину шевои тоҷикӣ таҷлил менамоем, самимона табрик мегӯям.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар сиву ду соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд.
Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид.
Аз 5 октябри соли 2009, яъне бо қабул гардидани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони тоҷикӣ ба марҳалаи нави рушду такомул ворид шуд.
Зеро қонуни мазкур бо дарназардошти ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи мо дар асри XXI, инчунин, ба хотири арҷгузориву посдории боз ҳам бештари забони тоҷикӣ таҳияву тасдиқ гардида, то имрӯз дар пешбурди сиёсати давлати навини тоҷикон нақши муҳим бозида истодааст.
Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои иловагиеро амалӣ карда истодааст, ки ҳадаф аз онҳо таҳкими бештар бахшидан ба мақоми забони давлатӣ мебошад.
Аз ҷумла, 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» тасдиқ карда шуд, ки барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад.
Барномаи мазкур маҷмӯи чорабиниҳоро барои рушди даҳсолаи забон муайян карда, мо соҳибзабононро вазифадор менамояд, ки содиқона ва бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ аз пайи иҷрои масъалаҳои дар он пешбинишуда бошем.
Дар робита ба ин, бори дигар хотиррасон месозам, ки забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буда, чун ҷисми зинда барои афзудани тавонмандии худ ба ғамхориву пуштибонии пайвастаи давлату ҷомеа ниёз дорад.
Яъне забони тоҷикӣ ифодагари арзишҳои маънавӣ ва ойинаи ибратбахши рӯзгори мо – тоҷистониён аст. Аз ин рӯ, мо забони модарии худро дӯст медорем, ба он эҳтирому арҷи бепоён мегузорем, зеро забон ганҷи бебаҳои мероси фарҳангӣ ва аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллии мо ба шумор меравад.
Донистани якчанд забон, ки аз анъанаҳои деринаи гузаштагони бузургамон маншаъ мегирад, имрӯз ҳама қишрҳои ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки дар баробари аъло донистани забони давлати худ, яъне тоҷикӣ донандаи хуби дигар забонҳо низ бошанд.
Дар робита ба ин, забономӯзӣ бояд дар доира ва заминаи забони тоҷикӣ, яъне бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи хусусиятҳои он ҷараён гирад, зеро бузургтарин вазифаи ҳар як фарди худогоҳи кишвар нигаҳдориву арҷгузорӣ ба ин мероси гаронбаҳо ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад.
Бинобар ин, мо бояд дар ёд дошта бошем, ки сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ забони давлатӣ аст ва маҳз забони миллӣ тафаккури миллиро ташаккул медиҳад.
Яъне забони давлатӣ барои мо – мардуми Тоҷикистон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон мебошад.
Аз ин нуқтаи назар, вазифаи муқаддаси мо – насли имрӯза дар он зоҳир мегардад, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ кӯшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем.

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст, бо он забони латифу нафисе, ки матнҳои беш аз ҳазору дусад сол қабл навишташудаашро мехонему мефаҳмем, бо он забоне, ки садҳову ҳазорҳо бузургони суханвари ин марзу бум эҷод кардаанд ва осори ҷовидонаи худро ба имрӯзиён мерос гузоштаанд.
Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо – соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.
Дар ин робита, омӯзгорони фанни забону адабиёти тоҷикӣ, падару модарон ва аҳли зиё вазифадоранд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва махсусан, ба сайқал додани фарҳанги муоширати наврасону ҷавонон мусоидат карда, ба риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ва одоби сухангӯӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми раванди таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳои зиёд ба сифати омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз низ ба мардуми мо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту ободии Ватани аҷдодӣ илҳому нерӯ мебахшад.
Дар мушкилтарин давраҳои таърихӣ ва дар лаҳзаҳое, ки гузаштагони мо дар вартаи нобудӣ қарор доштанд, забон чун сипари миллат ба майдони набард баромада, мардумро ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҳифзи марзу бум фаро хондааст.
Аз ин лиҳоз, барои мо гиромидошти забони миллӣ ва истиқлолу ватанхоҳӣ бо ҳамдигар пайванди зич доранд, ки инро таърихи тоҷикон дар мисоли сиёсати забонии давлати Сомониён собит сохтааст.
Маҳз дар замони сулолаи Сомониён забони тоҷикӣ ба маснади давлатӣ нишаст, ба сифати забони нерӯманди адабӣ ташаккул ёфт ва тавоноиву қудрати он ба ҳадде расид, ки дар асрҳои минбаъда низ мақоми давлативу фарҳангии худро аз даст надод.
Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони барои мо азизу муқаддас зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ нерӯи тоза гирифта, имрӯз аз минбари бонуфузтарин созмони дунё – Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад.
Ба ин маънӣ Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, ки “Ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат бояд ҳамеша барои арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ талош намояд ва парчамбардори забону фарҳангу миллати хеш бошад. Танҳо дар чунин сурат мо метавонем дар ҷодаи тарбияи наслҳои ояндасози халқамон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, истиқлол, забони миллӣ ва дигар муқаддасоти миллат муваффақ шавем”.
Дар интиҳои сухан, бори дигар мардуми шарафманду заҳматпешаи шаҳри Турсунзодаро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамаи Шумо дар ҳимоя ва рушди забони миллӣ азми қавӣ, иродаи устувор ва барори кор орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *