Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Кишоварзӣ Нуқтаи назар Саноат Сиёсат Фарҳанг Хабарҳо

ҲИДОЯТҲОИ СОЗАНДА  БАҲРИ ИДОМАИ БУНЁДКОРИҲО

Ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гурӯҳҳои корӣ аз 8-ум то 16-уми январи соли равон сафарбар шудаанд.  Аз ҷумла ба шаҳри Турсунзода низ гурӯҳи корӣ бо роҳбарии раиси Комиссияи интихобот ва […]

Иҷтимоиёт Таҷлил

БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҶАВОН

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, таҳкими заминаи мусоид баҳри пойдории оилаҳои ҷавон, пешгирии оиладоршавоии бармаҳал  ва пошхӯрии  оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, зӯроварӣ дар оила ва ташвиқу, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон, ҳамчунин муаррифӣ намудани  беҳтарини оилаҳои ҷавон бахшида ба Соли ҷавонон Амри Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста […]

Варзиш Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Таҷлил

ПОЯНДА БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!

Санаи 29 декабри соли 2017 дар Кохи «Дӯстӣ» бахшида ба Соли ҷавонон – таҳти унвони «Поянда бод ҷавонӣ ва ҷавонон!» бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Саломзода Сиҷоуддин ва беш аз 700 нафар ҷавонони фаъол чорабинии тантанавӣ  баргузор шуд. Дар ибтидо Саломзода Сиҷоуддин  ба сухан баромада иброз дошт, ки ҷавонон нерӯи созанда, идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Хабарҳо

ПРОБЛЕМАИ НОРАСОИИ ОБИ ОШОМИДАНӢ МАСЪАЛАИ УМУМИҶАҲОНИСТ

Об манбаи ҳаёт ва бе он ҳаёт вуҷуд надорад. Тоҷикистони азизи мо, ки як кишвари Худодод аст, аз манбаи оби ошомиданӣ ва ҷиҳати экологӣ бой буда, аҳолӣ аз таъмини он танқисӣ намекашад. Яъне мо кӯлу дарёҳои зиёде дорем аз ҷиҳати экологӣ тоза. Дар обёрии зироатҳои кишоварзӣ низ обҳои ошомиданиамон ба истифода дода мешаванд. Аммо, баъзан […]

Варзиш Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Кишоварзӣ Саноат Сиёсат

ШАҲРДОРӢ НАТИҶАГИРӢ АЗ СОЛИ 2017

Маҷлиси васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2017 таърихи 5 январ таҳти роҳбарии Саломзода Сиҷоуддин бо иштироки намояндаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Зафар, муовинони раиси шаҳр, кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳр, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои […]

Варзиш Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Кишоварзӣ Саноат Сиёсат Таҷлил Фарҳанг

ДАЛЕЛҲОИ ХОТИРМОНИ СОЛИ 2017

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид. Дар  ин сол ҷавонони шаҳри Турсунзода низ ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат баҳри таҳсили аъло намудан, касбомӯзӣ ва ободкориҳои сарзамини аҷдодиамон саъйи беандоза намуданд. *** Моҳи феврал Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин […]

Варзиш Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Сиёсат Таҷлил Фарҳанг

ИТТИЛОИЯ АЗ ҶАРАЁНИ ИҶЛОСИЯИ СЕНЗДАҲУМ

Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум) таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ Сиҷоуддин Саломзода  санаи 27  декабри соли равон  баргузор шуд. Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои шаҳр, […]

Иҷтимоиёт

Б О Т У Л И З М

Бо фаро расидани фасли сармо мардум ба истеъмоли маҳсулоти консервагӣ оғоз менамоянд. Маҳз дар ҳамин давра хатари ба бемо­рии ботулизм гирифтор шудани одамон ба вуҷуд меояд. Дар ур­фият “Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ” мегӯянд. Бинобар ин дар мақолаи зер дар бораи чигунагии ин беморӣ, роҳҳои пешгирии он, дуруст таҳия кардани маҳсулоти захиравӣ маъ­лумот медиҳем. Ботулизм […]

Иҷтимоиёт Сиёсат

СУҲБАТИ СУДМАНД

Санаи 19 декабри соли равон муо­вини раиси шаҳр, раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакило­ни халқи шаҳри Турсун­зода оид ба масъалаҳои ҷамъиятӣ, шуғли аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, занон ва оила Солеҳа Холова дар ҳавзаи ин­тихоботии №38 ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Туйчиев бо интихобкунан­дагон аз деҳаҳои Саркор, Дӯстӣ, Ҳақиқат, Ҳидоят ва Зарбдор вохӯрӣ баргузор намуд. Вакили мардумиро […]