Иҷтимоиёт Сиёсат

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР САРҲАД

print

         Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият ва баргузории корҳои ободонӣ аз терминали байналмилалии “Дўстӣ”, ниҳодҳои қудратӣ ва назоратии наздисарҳадӣ, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор доранд, дидан намуд.

   Зимни боздид ба масъулину кормандони терминал ва дигар идораву ташкилоти наздисарҳадӣ таъкид гардид, ки хизматрасониро дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда, кўшиш ба харҷ дода шавад, ки барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои меҳонон ва нақлиёти боркаш саривақт ва сифатнок ба анҷом расонида шавад.

Боиси қайд аст, ки дар доираи татбиқи нақшаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 900 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Турсунзода ба истиқболи   30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гирду атрофи сарҳад ва идораву ташкилоти ин мавзеъ гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои сояафкан шинонида шуда, корҳои ободонӣ дар ҷараён аст.

Маркази матбуотии раиси шаҳр

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *