Аҳолӣ Хабарҳо

ГУРӮҲИ КОРИИ БАДАХШОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дар доираи баргузории сафари омӯзишӣ, ки бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои таълимии касбӣ, табодули таҷриба ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни муассисаҳо, инчунин сафарбаркунии ҷавонон барои омӯзиши касбу ҳунар роҳандозӣ гардидааст, омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ – истеҳсолии муассисаҳои касбии техникии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳбаладии муовини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии […]

Варзиш Фаъолияти Шӯроъ

БАРГУЗОРИИ ШӮРОИ РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ

Имрӯз бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Дар ибтидо котиби раиси Шӯро, Фаридун Раҳмонов оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Турсунзода барои солҳои 2022-2026” ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ маълумот […]

Ҳамкорҳои байналмилалӣ

ҲАЙАТИ ПАРЛУМОНИ ҶОПОН ДАР “БОҒИ СОМОН”

Дар доираи баргузории мулоқоти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон ҳайати парлумонии Ҷопон таҳти сарварии Кейҷи Фуруя ва ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳакимзода Шариф ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, аз токзори хоҷагии токпарварии “Боғи Сомон” дидан намуданд. Баъд аз пазироии самимӣ ба меҳмонорн навъҳои гуногуни ангурҳои шаҳдбори хоҷагӣ аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз […]

Маориф

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОСИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДЕҲАИ БОҒБОН

Имрӯз бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати рушди соҳаи маориф бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тавҳид”ва фаъолони деҳа дар назди МТУА №104, ки дар деҳаи Боғбони Ҷамоати деҳоти Сешанбе воқеъ аст, бунёди бинои нави таҳсилотӣ, иборат аз 8 синфхона оғоз гардид. Дар гузоштани санги асоси иншооти […]

Сайёҳӣ

НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ДАР “БОҒИ СОМОН”

 дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-сарзамини обҳои шифобахш» ба кори худ шуруъ намуд. Форуми мазкур бо мақсади тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардида, дар кори он коршиносон ва мутахассисони соҳаи об, ширкатҳои […]

Маориф

ДАР СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ -ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВ

Сиёсати маорифпарварона ва ташаббусҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро дар амал татбиқ намуда, фаъолони деҳаи Дурбеди Ҷамоати деҳоти Сешанбе сохтмони бинои нави таълимиро дар назди мактаби №79 бо эҳсоси баланди ватандорӣ идома дода истодаанд. Сокинони шарафманди деҳа нақша доранд, иншооти мазкурро , ки аз 2 ошёна ва 6 синхона иборат аст, дар оғози соли […]

Комиссияи доимӣ Хабарҳо

ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ

Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Эҳсонзода Мусулмон Қобил, иштироки комиссияҳои амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 ва Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва иштироки намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ роҳбарони ташкилоту идораҳо ва […]

Хабарҳо

ҲАНГОМИ ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДДА – ОБХЕЗӢ ВА ЗАМИНЛАРЗА ЧӢ БОЯД КАРД?

Дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мудофиаи гражданӣ машқи мукаммал дар мавзуи “Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои хадамотҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда – обхезӣ ва заминларза” гузаронида шуд, ки дар рафти он […]

Маориф

ИДОМАИ БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода корҳои созанда муташаккилона идома дошта, хусусан ҷиҳати табиқи сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат ба бунёди синфхонаҳои иловагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ҶӮРА РАҲМОН, ДЕҲАИ ЯНГИБОҒ, МТМУ 92 Бунёди иншооти мазкур бо дастгирии Хоҷагии токпарварии “БОҒИ СОМОН” амалӣ […]

Хабарҳо Ҳамкорҳои байналмилалӣ

МУЗОКИРОТИ СОДИРОТИ АНГУРИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БА ҚАЗОҚИСТОН

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Меҳмононро ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода пазироӣ намуданд. Дар ибтидо ҳайати тоҷирон аз токзори “Боғи Сомон” дидан намуда, дар ин замина байни роҳбарияти шаҳр ва хоҷагидорон доир ба имкониятҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода […]