Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ  ИДИ САИДИ ҚУРБОН

print

Ҳамдиёрони азиз,

Иди саиди Қурбон рамзи имону садоқат ва далели итоат ба Худованд, тарғибгари инсондӯстӣ, меҳру шафқат, хайру эҳсон ва  ахлоқи ҳамида арзёбӣ гардида, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизи мо ҳамасола бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Ба ифтихори ин рӯзи муборак, ки нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таъриху фарҳанги мардумӣ ва арҷгузорӣ ба дини мубини Ислом ба ҳисоб меравад, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кулли ҳамдиёронро табрику таҳният намуда, тансиҳативу сарбаландӣ, хушбахтиву иқболи нек ва хонаи ободро орзу менамоем.

Ҳамдиёрони азиз,

Дини мубини ислом ҳамчун дини инсонпарвар дар рушду такомули ҷомеаи башарӣ нақши ниҳоят бузург дошта, Иди Қурбон таҷассумгари покии имон, дуои неку поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба ятимону маъюбон, дармондагону ниёзмандон ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз мардуми мусалмон дар ин рӯз барои дарёфти аҷру савоб ва хушнудии Худованд қурбонӣ мекунанд ва тавре Расули Акрам (с) фармудаанд: «Бузургтарин айём назди Парвардигор рӯзи қурбонӣ аст». Яъне Иди Қурбон рӯзи шод намудани фақирону камбизоатон ва ятимон тавассути саховатмандон мебошад, бинобар ин, онҳое, ки қудрати қурбонӣ намуданро доранд, бояд аз ҳоли наздикони худ, фақирону ятимон ва ниёзмандон бохабар шаванд, зеро ин рӯзи хайру эҳсон ва дӯстиву муҳаббату бародарӣ дар назди Худо ва бандагон арзёбӣ мегардад.

Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол  Иди саиди Қурбон ҳамеша дар фазои эҳсону шафқат ва оромиву осудагӣ, бо меҳру муҳаббати хоса баргузор гардида, бо амалӣ намудани қурбонӣ, аёдати пайвандон, зиёрати оромгоҳи гузаштагон, муҳимтар аз ҳама, дастгирии ниёзмандон ва адои хайру саховат ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Итминони комил дорем, ки шахсони ҳимматбаланду саховатпеша дар асоси фармудаҳои Худованди бузург дар ин рӯзи муборак ба зиёдаравию зоҳирпарастӣ роҳ надода, ба ятимону бепарасторон, муҳтоҷону барҷомондагон ва шахсони камбизоат кӯмак расонида, бо ин амали хайру башардӯстонаи худ соҳиби савоби зиёд мегарданд.

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Зиёрати ҳаҷ ва адои намози идона яке аз аркони  муҳими Иди Қурбон ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо иддае аз ҳамдиёрони мо дар зиёрати хонаи Худо қарор доранд ва дар қатори миллионҳо мардуми мусулмони ҷаҳон фаризаи ҳаҷро ба ҷо меоранд. Итминони комил дорем, ки ҳоҷиёни мо дар Хонаи Худо барои сулҳу оромӣ ва суботи пояндаи кишвари азизамон ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон дуо карда, баъди бозгашт дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, тарғиби одобу ахлоқи ҳамида дар байни мардум, хусусан миёни ҷавонон, саҳми ватандӯстонаву инсонпарваронаи худро мегузоранд.

Изҳори боварӣ менамоем, ки дар ин рӯзи саид сокинони шаҳри Турсунзода низ  намози иди саиди Қурбонро ба ризоияти Худованд ва устувории имон иҷро намуда, барои таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳамдиливу бародарӣ ва ободиву пешрафти сарзамини муқаддасамон дуои хайр менамоянд.

Ҳамдиёрони азиз,

Буҳрони сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву кам гардидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ имрӯзҳо ҷомеаи башариро ба ташвиш овардааст. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро мебояд шукронаи сулҳу осоиши кишвар намуда, ҷиҳати таъмини зиндагонии шоиста дастуру супориш ва ҳидоятҳои муҳтарам Пешвои миллатро вобаста ба истифодаи оқилона ва самараноки замин дар амал татбиқ намоем. Заминҳои наздиҳавлигӣ ва  ёрирасонро самаранок истифода бурда, эҳтиёҷоти оилаи худ ва бозори истеъмолиро бо маводи ғизоӣ таъмин намоем. Хушбахтона кишоварзони шаҳри мо дар истифодаи оқилонаи замин ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар ҳамдиливу меҳнати шоиста мо метавонем ба муваффақиятҳои аз ин ҳам афзун мушарраф гардида,  сатҳи зиндангониро боз ҳам болотар бардорем.

Бо ибрози ниятҳои нек ва шукргузорӣ аз сулҳу амонии мамлакат бо нияти саодату некбахтӣ бори дигар аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳар як сокини диёрро ба ифтихори иди саиди Қурбон муборакбод намуда, тансиҳативу хонаободӣ, сулҳу оромӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоем.

Иди саиди Қурбон муборак,  ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *