Суханрониҳои раис

Паёми муборакбодии раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

print
Ҳамдиёрон ва ҷавонони азиз!
Бо шарофати сиёсати ҷавонпарварона ва пайкори созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари озоди мо бо субот рушду нумуъ ёфта, ҳамасола Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад.
Имсол Рӯзи ҷавонон дар доираи тадбирҳои идона ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷавонони саодатманд ва кулли ҳамдиёронро самимона табрик намуда, беҳтарин хушиҳои зиндагониро таманно дорем.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Ҷавонон ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгари ҷомеа эътироф гардида, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакатро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан имконнопазир аст.
Саҳми муносиб дар рушди ҷомеа ва кордониву ташаббускории ҷавонони болаёқатро қадршиносӣ намуда, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари давлат онҳоро ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳод намуданд, ки нишонаи боварии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва муҳаббати Сарвари давлат нисбат ба ҷавонони кишвар арзёбӣ мегардад.
Сиёсати ҷавонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллатро пайгирӣ намуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву омӯзиши илму фан корҳои судмандро амалӣ намуда истодааст. Дар шаҳр таваҷҷуҳ ба кадрҳои ҷавон вусъат ёфта, ба тарбияи онҳо ҳамчун роҳбарони ҷавон мароқи ҷиддӣ зоҳир ва як қатор мансабҳои роҳбарикунанда ба дӯши онҳо вогузор гардидааст.
Боиси хушбахтист, ки ҷавонони шаҳри мо бо истифода аз шароити мусоид на танҳо дар олимпиадаҳои фанӣ ва мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, Парчами кишварро баланд афрохтаанд, ки шарафу орбрӯи ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
Дӯстони ҷавон!
Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлоли давлатӣ расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онро сармашқи зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафтаро бунёд намоем.
Мо боварӣ дорем, ки ҷавонони шаҳри мо ҳамчун фарзандони бонангу номус ва қавииродаву ғаюр минбаъд низ дар самти омӯзиши илму фан ва хизмати содиқона ба Ватан сайъу талош намуда, дар татбиқи барномаи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми муносиби худро мегузоранд.
Ҷавонони гиромӣ,
Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон ҳамчун қувваи бузурги созанда ва ободгарони Ватан эътимод дошта, фармудаанд, ки «Дар баробари иштироки фаъолона дар корҳои созанда ва бунёдкорона ҷавонони моро зарур аст, ки ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ, анъанаҳои неки халқи куҳанбунёди тоҷик эҳтироми хос зоҳир намоянд ва таърихи гузаштаи худро амиқ омӯхта, ба арзишҳои неку писандидаи ниёкони хеш арҷ гузоранд.
Онҳо ҳамчун ворисони аҷдоди некноми мо бояд мероси моддиву маънавии халқамонро бо ҳисси баланди миллӣ омӯзанд, ҳифз кунанд ва онро ба оламиён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд».
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҷавонони шаҳри мо боварии муҳтарам Пешвои миллатро сазовор гардида, аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона баромада, арзишҳои миллиро ҳифз ва амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя менамоянд.
Ба хотири рушди Тоҷикистони азизамон илму фанро омӯхта, дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат», “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” фаъолона иштирок менамоянд. Зеро ояндаи Тоҷикистон ба рушди илм ва мутахасссисони соҳибкасб алоқаманд мебошад.
Эътимод дорем, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷавонони ватандӯсти мо дар бунёди иншооти ҷашнӣ ва корҳори ободонӣ фаъолона ширкат намуда, ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳри азизамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Ҷавонони гиромӣ!
Бо ибрози ниятҳои нек дар ин лаҳзаҳои фархунда бори дигар кулли ҷавонони саодатманди шаҳрро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, сиҳатмандиву сарбаландӣ, суруру шодмонӣ ва ҳаёти рангини ҷавониро таманно дорем.

Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!

Рӯзи ҷавонон муборак!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *