Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА  АБДУҚОДИР ВАЛИЗОДА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

print

Ҳамдиёрони азиз,

Ҷашни Наврӯз  яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва маънавии тоҷикон арзёбӣ гардида, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷилои нав эҳё гардида,  аз ҷониби ҷомеаи ҷахонӣ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд.

Аз ин лиҳоз, фарорасии Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро ба сокинони меҳнатдӯсти шаҳр ва меҳмонони гиромиқадр самимона муборакбод мегӯям.

Наврӯз ҳамчун айёми эҳё ва шукуфоии табиат одамонро ба кишту кор, бунёдкорӣ ва амалҳои хайру саховат ҳидоят намуда, ба инсон нерӯи созанда ва шодиву сурур мебахшад.

Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз маҳсуб ёфта, мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода низ дар пойдории рукнҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои неки Наврӯзӣ саҳми арзанда мегузоранд.  Дар шаҳри Турсунзода аз таҷлили ҷашни Наврӯз  то Наврӯз ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ мутаносибан 15 фоиз афзуда, кишоварзон дар ғановати дастархони ҳамдиёрон нақши муҳим гузошта истодаанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки деҳқонони шаҳри мо дар ҳудуди кишвар ва берун аз он бо истеҳсоли маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ ном бароварда, хусусан дар бунёди токзори серҳосил ва парвариши ангурҳои шаҳдбор шуҳрати ҷаҳонӣ дорандДар ин замина моро зарур аст, ки наврасону ҷавононро ба меҳнатдӯстӣ, илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ ташвиҳ карда, завқи онҳоро ба ободкорӣ, дӯст доштани табиати диёр, риояи одоби муошират ва дигар хислатҳои ҳамидаи миллӣ бештар гардонем

Боварӣ  дорем, ки ҷашни Наврӯз низ ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ барои рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмӯъ ободкорӣ мусоидат менамояд ва минбаъд боз ҳам густариш меёбад.

Дар арафаи ҷашн мардуми меҳнатдӯсти шаҳр бо меҳнати софдилона корҳои созандагиву бунёдкориро амалӣ намуда, ба ин васила баҳри фардои гулафшони Ватан заминаи боэътимод мегузоранд.

Шаҳри мо дар мамлакат бо табиати биҳиштосо, ёдгориҳои таърихӣ, фарҳанги бой ва косибону ҳунармандони моҳир шинохта ва машҳур гардидааст.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати пешрафти иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон масъулияти мо беш аз пеш афзун гардидааст. Наврӯз ҳамчун сарчашмаи маънавӣ ва эҳёву созандагӣ ба мардуми соҳибфарҳанги мо дар иҷрои нақшаҳои ободкорӣ  рӯҳу тавони тоза мебахшад.

Итминони комил дорам, ки сокинони бонангу баномуси шаҳр минбаъд низ баҳри ободиву пешрафти диёр бо ҳисси баланди милливу ватандорӣ саъю талош намуда, дар татбиқи барномаҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла ба хотири амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои вобаста ба Солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва пешвози сазовори  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманду ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Бо ибрози беҳтарин ниятҳо дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона бори дигар меҳмононони арҷманда ва кулли ҳамдиёронро ба ифтихори Наврӯз – ҷашни бузурги миллӣ ва Соли нави аҷдодиамон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу менамоям.

Наврӯзи хуҷастапай муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *