Суханрониҳои раис

МУРОҶИАТНОМАИ Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба сокинони шаҳри Турсунзода вобаста ба истифодаи сарфакорони нерӯи барқ

print
Ҳамдиёрони азиз!
Дар давраи тирамоҳу зимистон ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш таъмини нерӯи барқ яке аз масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Фаъолияти мунтазами сохторҳои энергетикии мамлакат таҳти назорати доимии Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати таъмини бемайлони нерӯи барқ ба аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар давраи тирамоҳ ва оғози фасли зимистон ҳангоми баргузории корҳои таъмиру тармим ва назоративу профилактикӣ дар сохторҳои энергетикӣ маҳдудияти нерӯи барқ ба амал омада, бо дастури роҳбарияти олии мамлакат оғоз аз 10 декабри соли ҷорӣ интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ гардид.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳар яки мо медонем, ки нерӯи барқи мамлакат асосан аз ҳисоби об истеҳсол гардида, таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бо нерӯи барқ бевосита ва танҳо аз захираҳои об вобаста мебошад.
Ҳарчанд, ки захираи об то охири фасли зимистон дар обанборҳо басанда бошад ҳам, агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе мушкилӣ ва бидуни ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ паси сар намоем, бояд ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки нерӯи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликият, эътибори ниҳоят ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем.
Пешгирӣ намудани сарфаи зиёди барқ, истифодаи фурӯзонакҳои тафсону баландшидат ва асбобҳои гармидиҳандаи ғайристандартӣ дар манзилҳои истиқомативу маҳаллаҳои аҳолинишин, муассисаву ташкилот, корхонаву идораҳо аз вазифаи ҳар як сокини шаҳр ва масъулин ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он бояд аз технологияҳои каммасраф васеъ истифода карда шавад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем дар зимистони имсола ба маҳдудияти иловагии барқ рӯ ба рӯ нагардем.
Ҳамдиёрони азиз!
Самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти мунтазаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва масъулияти баландро талаб мекунад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода эътимод дорад, ки сокинони меҳнатдӯсти шаҳр дар масъалаи истифодаи сарфакоронаи барқ бо масъулияти баланд назар карда, ҷиҳати мақсаднок истифода бурдани нерӯи барқ дар давраи зимистон саҳми муносиби худро мегузоранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *