Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҷамолиддин 2006” дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии дастранҷи деҳқон шиносоӣ пайдо намуд. Масъулини хоҷагӣ иттилоъ манзур намуданд, ки заминҳои хоҷагорӣ аз 4 га иборат буда, дар он парвариши сабзавот, пахта, ғалла ва боғу токпарварӣ ба роҳ монда шудааст. Соли ҷорӣ хоҷагидорон дар 0,25 гектар замин […]
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, инчунин, иштироки аҳолӣ, корхонаҳои коркарди регу шағал, соҳибкорон ва моликони техникаҳои боркашу борбардор, дар мавсими пастшавии маҷрои об дар деҳоти соҳилнишини шаҳр ҳамарӯза корҳои дастаҷамъонаи соҳилбандӣ идома доранд. Ба иттилои шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри […]
ТУРСУНЗОДА, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонони шаҳри Турсунзода то имрӯз шаҳру навоҳии ҷумҳуриро бо зиёда аз 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сирпиёзу пиёзи барвақтӣ, гулкараму карам, помидору бодиринг ва қаламфуру қулфинай таъмин намудаанд. Дар таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти тару тозаи баҳорӣ кишоварзони шаҳри Турсунзода саҳми арзанда мегузоранд. Тавре сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода Азимҷон Назарзода ба […]