Кишоварзӣ Экология

СОҲИЛБАНДӢ. ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, инчунин, иштироки аҳолӣ, корхонаҳои коркарди регу шағал, соҳибкорон ва моликони техникаҳои боркашу борбардор, дар мавсими пастшавии маҷрои об дар деҳоти соҳилнишини шаҳр ҳамарӯза корҳои дастаҷамъонаи соҳилбандӣ идома доранд.
Ба иттилои шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода, тибқи нақша дар ҳудуди шаҳр, шурӯъ аз нимаи дуюми моҳи октябри соли сипаришуда то инҷониб вобаста ба мавсими пастшавии маҷрои об дар назди дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент бо ҷалби соҳибкорон, зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳр, корҳои дастаҷамъонаи соҳилбандӣ босуръат ҷараён доранд.
Тавре аз манбаъ хабар доданд, аз ҳудуди шаҳри Турсунзода дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент ҷорӣ гардида, деҳоти соҳилнишини он беш аз 20 деҳаро дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз, соҳилбандӣ дар шаҳр яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб мешавад. Бо назардошти ин, дар деҳаҳои наздисоҳилии ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ, Работ,  Регар,  Навобод, Ҷӯра Раҳмонов, Турсун Тӯйчиев ва 10 – солагии Истиқлолият пайваста ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор шуданд, ки  дар натиҷаи он дамбаҳои хароб барқарор гардиданд.
Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, деҳаи Маданият бо мақсади бунёди ҳавзи моҳипарварӣ ва ташкили минтақаи сайёҳӣ, инчунин, мустаҳкам намудани соҳил аз ҷониби соҳибкор Парвиз Сатторзода бардоштани дамбаҳои муҳофизатӣ ба масофаи 700 метр дарозӣ, 15 метр паҳноӣ ва 12 метр баландӣ (126000 метри мураббаъ), анҷом пазируфт.
Дар деҳаи Шодмон -1 – и Ҷамоати деҳоти Навобод бо истифодаи техникаи соҳибкор Каромат Исматов ва саҳми аҳолӣ 500 метр селроҳа ва аз ҳисоби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр дар деҳаи Бақоӣ 3160 метр канали Шодмонқазоқ поккорӣ шуд. Ҳамзамон, дар деҳаи Бобониёз Тошев – 2 (Долонсой) – и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Раҳмон бо саҳми хоҷагии “Боғи Сомон” 460 метр ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ 690 метр, дар умум, 1150 метр селроҳаи канали Заркамар тоза ва ба истифода дода шуд. Дар  деҳаи Намоз Кучаров бо мақсади бардоштани дамбаҳои муҳофизатӣ ба масофаи 360 метр дарозӣ, баландии 4 метр ва паҳноии 4 метр (5760 метри мураббаъ) бо саҳми соҳибкорон Расул Усмонов ва Маҳмадамин Камолов, дар ҳамкорӣ бо ҷамоати деҳот корҳои соҳилбандӣ гузаронда шуд.
Айни ҳол дар Ҷамоати деҳоти Регар дар соҳили рост ва чапи дарёи Ширкент, ҳудуди деҳаҳои Файзобод ва Шодиёна корҳои рост намудани маҷрои дарё идома дошта, то имрӯз дар масофаи 300 метр кор ба сомон расонда шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби ширкати “Алюминийи тоҷик” пояҳои бетонии аз истеҳсолот бозмондаро ба масоҳати 80 метри мукааб дар соҳили чапи дарёи Ширкент баҳри ҳимояи сокинони деҳаи Файзобод гузоштанд.
Дар деҳаи Бахтовари Ҷамоати деҳоти 10 – солагии Истиқлолият бо истифода аз техника 800 метр корҳои бардоштани дамбаҳои муҳофизатӣ ва рост намудани равиши дарё иҷро гардиданд. Дар деҳаи Чуқуркати ҳамин ҷамоат корҳои соҳилбандӣ ва гузоштани пояҳои бетонӣ ба масофаи 300 метр аз ҳисоби соҳибкорони деҳа ба анҷом расиданд.
Дар маҷмӯъ, дар семоҳаи якуми соли равон пеш аз мавсими селу обхезиҳо дар минтақаҳои хавфноки шаҳр аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолӣ 7270 метр, аз ҷумла дар соҳили дарёи Қаратоғ 1860 метр, Ширкент 600 метр, тоза намудани каналҳо 4310 метр ва селроҳа 500 метр, корҳои соҳилбандӣ гузаронда шуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *